Хоби ширини ҳамсоя
Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1929 ҳамчун Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шўравӣ дар баробари дигар ҷумҳуриҳои бародарӣ ташкил гардид ва ҳудуд ва марзи худро соҳиб гашт. Сарҳад ва қаламрави ҶШС Тоҷикистон бо Қарори ИҶШС ва ҳуҷҷатҳои лозимаи демаркатсионӣ ва делимитатсионӣ асоснок ва муайян карда шуда буданд.
Мавриди тазаккур аст, ки даъвоҳои беасоси Ҷумҳурии Қирғизистон дар масъалаи гирифтану соҳиб гаштани маҳалли Ворухи Тоҷикистон, ки ҳамчун анклав дар минтақаи Қирғизистон қарор дорад, мо аҳолии Тоҷикистонро бетараф гузошта наметавонад. Ҳар як ваҷаби сарзамини ватани маҳбубамон азизу мўътабар буда, мо ин даъворо қотеона маҳкум менамоем. Ворух марзи нангу номус ва ватандориву меҳанпарастист. Ватандорӣ аз ҳимояи ҳар як ваҷаби хоку замин ибтидо гирифта, бо дўст доштану ободу зебо намудани он таҳким меёбад, рушд мекунад. Ватандории мо тоҷикон аз қадим ба оламиён маълум мебошад.
Аз Қаюмарси Пешдодиву Сосониёни шуҷоъ сар карда, то Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ ҳама соҳибмулку соҳибмеҳан, ватандору фидоӣ буданд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ тоҷикон ҳамчун миллати кўҳанбунёду ориённажод исботи раднопазири худро ёфтааст, ки наметавонад ҳар як касу нокас даъвои марзу буми Тоҷикистонро намояд. Қаҳрамониву ҷасорату далерии мардони шуҷои тоҷикон Коваи оҳангару Спитамон, Томирису Мониву Маздак, сарбадорону Восеъ, Айниву Бобоҷон Ғафуров ба олам машҳур буда, дар ҳар давру замон ҳар як ваҷаби марзу буми Ватани маҳбумамонро ҳифз карда омадаанд. Ҷавоби мо ба даъвогарони Қирғизистон ва махсусан роҳбарияти КДАМ он генерали таърихдон Тешаев қотеона садо медиҳад:
Ҳама сар ба сар ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки хоки кишвар ба душман диҳем!
2 сол қабл роҳбари Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчинбек Тошиев дар бораи Лахшу Мурғобро ҳам аз они худ карда, амалан худро ҳамчун ғасбкор нишон доданд. Айни ҳол бошад як профессор қирғиз иддао кардааст, ки чоряки қаламрави кунунии Тоҷикистонро сарзаминҳои марбут ба қирғизҳо бошад. Даъвои хеле хандаовард аст. Ин нафар профессор Қиёс Муллоқосимов ҳазамон журналист ва муаррихи қирғиз, собиқ мудири дафтари бахши қирғизии Радиои Озодӣ дар Бишкек ва раҳбари кунунии Бунёди “Мурас” (“Мерос”), як бунёди марбут ба идораи президенти Қирғизистон, дар мусоҳибааш бо нашрияи KoomPress нафақат Муроғобу Ҷиргатол, балки ҳатто Хуҷанд, маркази вилояти Суғди Тоҷикистонро сарзамини қирғизҳо номида, иддао кардааст, ки ҳатто номи Хуҷанд на решаҳои форсӣ, балки решаҳои туркӣ дорад.
Рости ингуна иддаҳои бофтаву сохтаи ҳамсояҳо мо мақолеро ба хотир меорад ,ки “хести ки хобад, дидики …”. Мо мардуми тоҷик ҳеҷвақт замини касеро гирифтанӣ нестем, аммо гуфтанӣ ҳастем, ки замини худро ҳам ба ҳеҷ кас доданӣ ҳам нестем.
Ёқубов Ҷ.К. – н.и.с., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ