Иштироки кормандону устодон дар даври донишгоҳии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»

19 майи соли 2021 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон даври донишгоҳии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» байни кормандон ва омӯзгорон доир гардид. Аз рӯи нақшаи таҳия ва тасдиқнамудаи раёсати донишгоҳ дар даври донишгоҳии озмуни мазкур беш аз 150 нафар кормандону устодон ҳуҷҷат пешниҳод намуда, фаъолона иштирок карданд.

Тибқи низомномаи озмун кормандону устодони донишгоҳ аз рўи 5 номинатсия қувваозмоӣ намуда, бо баҳогузории ҳайъати ҳакамон ғолибон муайян шуданд. Беш аз 30 нафар кормандону устодони донишгоҳ ба даври баъдии озмуни мазкур роҳ ёфтанд.

Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангии донишҷӯён, ҷалби муҳассилин ба китобхонӣ ва азхудкунии осори бузургону арҷгузорӣ ба китоб роҳандозӣ шудааст.

Ғолибони даври донишгоҳии озмуни мазкур бо Ифтихорномаву Сипоснома ва маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ хоҳанд шуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

You might also like