Баргузории даври донишгоҳии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ДДҲБСТ

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» даври донишгоҳии озмуни мазкур дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир гардид. Дар кушодашавии озмун ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода иштирок намуда, оид ба аҳамияти фарҳангию маърифатии озмуни мазкур суханронӣ намуд. Гуфта шуд, ки Озмуни мазкур миёни устодон, докторантон, магистрон, донишҷӯён ва хонандагони литсейи донишгоҳ гузаронида мешавад.

Аз рӯи нақшаи таҳия ва тасдиқнамудаи раёсати донишгоҳ имрӯз дар даври донишгоҳии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» донишҷӯён ширкат намуданд. Кормандону устодон дар озмуни мазкур дар рӯзҳои баъди байни ҳам рақобат хоҳанд кард.

Барои иштирок дар даври донишгоҳии озмуни мазкур беш аз 200 нафар донишҷўён ҳуҷҷат пешниҳод намуда, фаъолона  иштирок карданд.

Тибқи низомномаи  озмун донишҷўён аз рўи 5 номинатсия қувваозмоӣ намуда, бо баҳогузории ҳайъати ҳакамон ғолибон муайян шуданд.

Аз рӯи номинатсияи   хондан ва аз ёд кардани адабиёти классикӣ донишҷўйи курси 3-юми  факултети сиёсатшиносӣ ва МБ Масаидов Н. бо гирифтани 60 хол сазовори ҷойи аввал, донишҷўйи курси 2-юми факултети баҳисобгирӣ ва андоз Бахтиёрзода Г. бо гирифтани 54 хол ҷойи 2-юм  ва донишҷўйи курси 2-юми факултети молия Тоҷиева Ш. – бо 46 хол ба гирифтани мақоми 3-юм шарафёб гардиданд.

Аз рӯи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани адабиёти муосир бошад донишҷўйи курси 1- уми факултети бизнес ва идоракунӣ Ҳидоятова О.  бо гирифтани 60 хол сазовори ҷойи 1-ум, донишҷўйи курси 3-юми  факултети сиёсатшиносӣ ва МБ Фатҳуллозода Ш. бо 55 хол ҷойи 2-юм ва донишҷўйи курси 1- уми  факултети ҳуқуқшиносӣ Илёси М. бо 42 хол ҷойи 3-юм гардиданд.

Аз рӯи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адибони ҷаҳон донишҷўйи курси 3-и факултети ҳуқуқшиносӣ  Ҳидоятова М.  бо 60 хол ҷойи 1-ум, донишҷўйи курси 1, факултети инноватсия ва телекоммуникатсия Шодиева П. бо гирифтани 57 хол ҷойи 2-юм шуданд.

Аз рӯи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти бачагона Аҳмадова С.- донишҷўйи курси 2-юми факултети сиёсатшиносӣ ва МБ ҷойи 1-ум  гардид.

Аз рӯи номинатсияи эҷоди назму наср Нозиров И.- донишҷўйи курси 4-уми факултети сиёсатшиносӣ ва МБ ҷойи 1-ум, Холидаи Ниёздухт- донишҷўйи курси 2-юм, факултети сиёсатшиносӣ ва МБ, ҷойи 2-юмро  ишғол намуданд. Ғолибон бо туҳфаву Сипосномаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» таҳти  сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла муҳассилини ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишвар баргузор шуда истодааст.                                                            Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангии донишҷӯён, ҷалби муҳассилин ба китобхонӣ ва  азхудкунии осори бузургону арҷгузорӣ ба китоб роҳандозӣ шудааст.

 

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

   

 

You might also like