Даст ба дасти ҳамдигар…

Дастгирии ҳамешагии муҳтоҷону ниёзмандон дар меҳвари сиёсати хайрхоҳона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Анҷоми амалҳои хайру савоб, дастгириву кӯмак ба зарардидагони муноқишаҳои сарҳадиву офатҳои табиӣ аз амалҳои шоистаи раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мебошад, ки дар пайравӣ ба кору пайкори Пешвои миллат дар арафаи Иди Саиди Фитр амалӣ гардид.

Дирӯз бо ташаббуси раёсати донишгоҳ дар арафаи Иди Рамазон ба якчанд оилаҳои ниёзманди дехаи Хочаи Аълои шаҳри Исфара, ки хонахояшон санахои 29-30 апрел дар натичаи муноқишаи сарҳадӣ осеб дида буданд, бо маводи хӯрока, рахти хоб ва ҷиҳози рӯзгор кӯмак расонида шуд, ки ин иқдоми хайриявӣ аз чониби сокинони осебдидаи деҳа хуш пазируфта шуд. Намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара, раиси ҷамоати деҳоти Чоркӯх ва деҳаи Хочаи Аъло ба раёсат ва кулли кормандони донишгоҳ изҳори сипос намуданд.

Воқеан, дар ин моҳи муборак анҷом додани амалҳои неку писандида, дастгирии якдигар, таҳаммулпазирӣ, ба ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва муҳтоҷон кўмак намудан волотарин арзишҳои дини мубини ислом ва беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад. Ҳар касе, ки бештар некӣ намуда, бахшишу эҳсон мекунад ва дасти ятимону бепарасторонро мегирад, бешак рисолати олии инсониро ба ҷо меорад. Бинобар ин, чунонки Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, моро зарур аст, ки беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлонаву софдилона меҳнат кунем, муҳимтар аз ҳама, дар чунин шароит ҳимматбаланд бошем, амалҳои хайру савоб ва эҳсонкориро бештар намоем.

You might also like