Терроризми наҳзати дар фазои иттилоотӣ
Имрўз проблемаи ифротгароии иттилоотӣ ба арзишҳои ҷомеа ҳассос аст. Ин ба он хотир аст, ки марҳалаи кунунии рушди муносибатҳои иттилоотӣ бо имкониятҳои таъсироти иттилоотӣ, ҳам ба шуури инфиродӣ ва ҳам ба тафаккури иҷтимоию иқтисодӣ муайян карда мешавад, ки метавонад таҳдиди барангехтани ҷанги иттилоотиро ба вуҷуд оварад. Гурўҳҳои ифротӣ соҳаҳои нав ба нави фазои иттилоотиро фаро гирифта, дар ниҳоят, ба оммаи васеъ муқаррароти аксиологии худро бомуваффақият талқин мекунанд. Зимни натиҷагирӣ, метавон таъкид кард, ки ифротгароии иттилоотӣ зинаи омодагӣ барои намудҳои дигари ифротгароӣ мебошад. Он муҳити мусоидро барои паҳншавӣ ва қабули ғояҳои ифротӣ фароҳам меорад.
Мутаасифона ҷанги иттилоотӣ хусусияти вайрон ва ноором кардани фазои давлатро дорад. Баъд аз фирорӣ шудани Кабирӣ ва гурўҳи иғвогари ў бар зидди Тоҷикистон ҷанги иттилоотӣ мебаранд, зеро худ ба хубӣ дарк мекунанд, ки зўри онҳо барои бар зидди давлат баромадан намерасад. Мардуми тоҷик онҳоро ҳамчун террористон, иғвоандозон, ватанфурўшон ва қаллобон мешиносад. Ин ватанфурӯши миллат дар Аврупо зиндагии мухоҷирона дорад ва инсони дарбадар дур аз Ватан аст. Ҷазои чунин афроде, ки Ватану миллати худро мефурӯшад ҳамин гуна хоҳад буд. Чунин хиёнаткорро на Ватан ва на ҷомеъа на таърих ҳеҷ гоҳ намебахшад.
Дар натиҷаи гузаронидани корҳои тафтишотӣ маълум гардид, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ба шаҳрвандон зарари махсусан калони иқтисодӣ расонидааст, маблағҳои калонро азхуд кардааст, вале худ бо сари баланд мегардад. Рўз аз рўз корҳои нопоки ин ашхос ошкор шуда истодааст. Вале онҳо, ки ору номус надоранд, худро боз “лидер” ва хайрхохў мардумпарвар мепиндоранд. Ин нафар на инсоф доранду на мусулмонанд.
Зикр намудан бамаврид аст, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар сафар мекунанд. Наҳзатиҳо инро яке аз ҷанбаҳои ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб кардаанд.
Агар Кабирӣ ватандӯст мебуду ватанро обод кардан мехост, ҳеҷгоҳ ба сари мардуму халқи худаш чунин тӯҳмат ва хиёнатро намекард. Кабирӣ як хиёнаткоре мебошад, ки пайваста ноором сохтани вазъияти кунунаи давлати моро мехоҳад.
Хиёнате, ки ин ташкилот кард, дар таърихи инсоният нобахшиданист. Кабирӣ ва ҳизбаш хоин буд ва ҳамеша хоин мемонад. Марг бод ба чунин афрод!
Азимова Н.С. – мудири кафедраи фанҳои риёзӣ
ва табиатшиносии муосири ДДҲБСТ