Тошиев хобашро рафта ба об гӯяд
Тоҷикистон қаблан ба иттиҳодияи шӯравӣ дохил мешуд ва баъд аз пош хӯрдани он соли 1991 ҳамчун давлати мустақил, соҳибихтиёр, демократӣ, дунявӣ ва ягона эътироф мегардад. Тибқи санадҳои байналмиллалии эътирофшуда Тоҷикистон ҳудуди муайяни худро дорад. Қаламрави давлат ҳудуде мебошад, ки дар он давлат ҳамчун ташкилоти мустақили ҳокимияти сиёсӣ фаъолият менамояд. Он дар тамоми қаламрави худ дорои ҳокимияти соҳибихтиёр мебошад. Конститутсия халалдоршавии тамомияти арзии давлатро қатъиян манъ намудааст. Тақсимнопазарӣ ва дахлнопазирии ҳудуди давлат яке аз унсурҳои асосии бехатарии давлат буда, ҳифз ва таъмини онҳо яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат ба шумор меравад. Тақсимнопазирӣ ва дахлнопазирии ҳудуди давлат бо соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии давлат дар равобити ҷудонопазир қарор дорад.
Таъмини ҳуқуқии он бо ду роҳ амалӣ мегардад, ба монанди чораандешиҳои дохилидавлатӣ ва тариқи пайваст будани Тоҷикистон ба як силсила санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ. Аз нигоҳи дохилидавлатӣ, тақсимнопазирӣ ва дахлнопазирии ҳудуди Тоҷикистон, қабл аз ҳама, дар имконнопазирии ҳуқуқии гузашт кардани қисми ҳудуди давлат аз ҷониби Тоҷикистон, мақомот ва шахсони мансабдори он ба давлати дигар ифода меёбад. Тарғиб ва ҳар гуна амалиёти ҷудоиандозӣ тибқи Конститутсия манъ эълон шудааст. Таъмини тамомияти арзии Тоҷикистон аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ дар пайваст будани он ба як силсила қарордодҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи ИДМ ва шартномаҳои дутарафаи Тоҷикистон бо давлатҳои ҳамсарҳад ифода меёбад.
Қаламрави давлат ин фазои мавҷудияти он аст, ки дар он аҳолӣ зиндагӣ мекунад, барои ташаккул ва рушди иқтисоди ҷомеа заминаҳо мавҷуд буда, соҳибистиқлолӣ тавсеа меёбад. Таъмини соҳибистиқлолии давлат аз таъсири давлатҳои дигар ҳангоми амалисозии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ яке аз вазифаҳои асосии давлат мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳоро барои таъмини соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлат ва инчунин тамомияти арзии он қабул менамояд. Бинобар он, давлат набояд ба тақсими қаламрави Тоҷикистон роҳ диҳад.
Чӣ тавре ки рӯйдодҳои охирон гувоҳӣ медиҳанд, роҳбари Кумитаи Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар мулоқот бо мақомоти Тоҷикистон чунин иброз менамояд, ки навоҳии Лахшу Мурғоб ва Ворухи Тоҷикистон ба Қирғизистон таъаллуқ доранд ва инчунин ӯ қайд менамояд, ки Тоҷикистон дар заминҳои Ӯзбекистону Қирғизистон сохта шудааст. Мо бо ин ақидаи Тошиев Қ. розӣ нестем, зеро бе ягон асоси ҳуқуқӣ андешаи худро иброз намудааст. Бояд зикр намуд, ки пеш аз ягон сухан гуфтан бояд андеша кард, ки он метавонад ба оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок оварда расонад ва муносибати байни давлатҳоро мураккаб намуда ба сар задани ҷанг равона созад.
Тибқи принсипи ба таври осоишта ҳал кардани баҳсҳои байналмиллалӣ 17 март дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаи таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ байни кишварҳо ба анҷом расонида шудааст. Ҳайати Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Саймумин Ятимов ва ҳайати кишвари ҳамсояро раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев роҳбарӣ кардаанд. Зимни вохӯрӣ дар мавриди масъалаи таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ гардидааст ва ин мулоқот дар фазои дӯстона баргузор шудааст. Албатта Тоҷикистон барои ҳаллу фасли тамоми масъалаҳои баҳснок роҳи осоиштаро интихоб намуда, ҳама гуна низоъҳоро бартараф менамояд.
Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда аст ва намегузорем, ки онро дигар давлатҳо соҳибӣ намоянд. Бояд зикр намуд, ки «Ворух – марзи нангу номус ва ватандорист» ва «Як ваҷаб хоки сарзамини тоҷикон ба касе дода намешавад».
ТЭТ ҲНИ дар ҳар як масъалаҳои дохилию берунии сиёсии давлат тарғибгар аст ва мехоҳад дар Тоҷикистон низоъ ба вуҷуд ояд, аз ҷумла дар масъалаи сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон мавқеи хоинонаро ишғол намудааст. ТТЭ ҲНИ навори 2 сол пеши Қ.Ташиевро дар бораи Лахшу Мурғоб нашр намуда, амалан ба тарғибгари ҷониби қирғиз мавқеъ гирифтааст. М.Садриддин шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон мебошад. Бинобар он, дар баҳсҳои сарҳадӣ мавқеи Ҷумҳурии Қирғизистонро мегирад. Бесаводони наҳзатӣ аз ҷуғрофияи минтақа хабар надоранд. Ворух он тараф истад, тамоми Тоҷикистонро ба аҷнабиҳо мефурушанд.
Каримова М.М. – муаллими калони кафедраи
ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва
пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ