Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дарси мардонагист!

9-уми май ҳамчун Рўзи Ғалаба, рўзи пирўзии сулҳ бар ҷанг ва некӣ бар бадӣ, чун дурахшонтарин саҳифаи таърихи башар ҳар сол пуршукуҳ таҷлил карда мешавад. Халқи тоҷик низ қатори дигар халқҳои озодихоҳи ҷаҳон Иди Ғалабаро ботантана ва бо шаҳомати хоса ҷашн мегирад.

Дар кафедраву факултетҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Ғалаба соатҳои тарбиявиву дарсҳои кушод ва чорбиниҳои мухталиф доир гардиданд. Дар кафедраҳои донишгоҳ дар мавзӯҳои “Ёде аз набарде мекунем”, “Нақши фарзандони тоҷик дар ҶБВ”, “Саҳми халқи тоҷик дар ғалабаи ҶБВ” ва “Саҳми тоҷикистониён баҳри ба даст овардани ғалаба бар фашизм”  дарсҳои тарбиявиву кушод баргузор шуданд. Зимни баргузории  чорабиниҳо устодону донишҷӯён маърӯзаҳо ироа карданд.

Қайд карда шуд, ки гузашти вақт ҳар қадар моро аз солҳои душвори ҷанг дуртар мебарад, ҳамон андоза аҳамият ва ҷойгоҳи он дар сарнавишти инсоният равшантар мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши ин санаи фаромӯшнопазири таърихро дар шинохти қадри сулҳу субот ва ваҳдату ҳамзистии осоиштаи банӣ башар чунин баён намудаанд: «Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мар думи олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд».

Зимни маърӯзаи баромадкунандагон иброз шуд, ки набардҳои хунини солҳои 1941-1945 беш аз 300 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистони азизамон ба ҷанг сафарбар гардида, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷруҳ шуданд. Номи неку корномаи ин ҷавонмардон дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардида, баргузории чорабиниҳои ёдбуд ва таҷлили мутантани Рӯзи Ғалаба эҳтиром гузоштан ва ёдоварии онҳоест, ки барои пирӯзӣ ва ҳифзи Ватан садоқатмандона ҷонбозиҳо намудаанд.

Дар чорабиниҳо инчунин аз ҷониби донишҷӯён саҳнаҳо намоиш дода шуд, ки бисёр тарбиявӣ буд.

Баргузории чорабиниҳои мазкур бо мақсади арҷгузории хизматҳои ҷавонмардонаи иштирокчиёни ҶБВ ва ба ин васила баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва ғурури миллиии ҷавонон махсусан донишҷӯён роҳандозӣ шудааст.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like