ДДҲБСТ: Имкониятҳои муфид дар Ярмаркаи ҷумҳуриявии ҷойҳои холии корӣ
Субҳи имрӯз саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон идгоҳеро мемонд. Зеро, ярмаркаи ҷумхуриявии ҷойҳои холии корӣ, фестивали “Атласу адрас”, намоишу фурўши ҳунарҳои мардумӣ ва молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ доир гардида, роҳбарон ва намояндагони беш аз 50 ташкилоту мақомотро сарҷамъ кард.
Ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ бо ташаббуси ДДҲБСТ дар ҳамкорӣ бо раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд, ташкилоту муассисаҳо, сохторҳои молиявӣ, корхонаҳои истеҳсолию тиҷоратӣ баргузор карда шуд. Ярмарка бо мақсади рушди касбият ва бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон бахшида ба Рўзи ҷавонон, иди Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлоли давлатӣ доир гардид.
Дар ярмаркаи ҷумхуриявии ҷойҳои холии корӣ, фестивали “Атласу адрас”, намоишу фурўши ҳунарҳои мардумӣ ва молу маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ сардори раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд Шермуҳаммад Нодирӣ, сардори Сарраёсати омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Ҳокимбег Накҳатзода, муовини сардори филиали №23-и БДА ҶТ “Амонатбонк” дар вилояти Суғд Мавзуна Раҳимӣ, муовини директори ҶСК “Тавҳидбонк” Ашӯрбоқӣ Қурбонов, директори мудирияти банақшагирии маркетинг ва рушди тиҷоратии ҶДММ ТАҚХ “Матин” Олимҷон Олимов, директори бахши Суғдии ҶСП “Ҳумо” Мансур Худойқулов, директори Маркази таълимии шаҳри Хуҷанд Мунаввара Дадобоева ва мудири шуъбаи шуғли аҳолии шаҳри Хуҷанд Гулчеҳрахон Наҷмиддинзода иштирок намуданд.
Меҳмонон аз гӯшаҳои ба намоишгузошташудаи корхонаву ташкилотҳо ва пешниҳоди намоишу фуруши ҳунарҳои мардумиву маҳсулоти истеҳсолии корхонаҳо – ҶДММ “Пешсаф”, ҶДММ “Файзи Расул”, ҶСК “Зуҳал”, ширкати “Яхмоси-33” дидан карданд. Чорабинии расмиро фестивали “Атласу адрас”, ки аз ҷониби ҷавондухтарони донишгоҳ ташкил гардида буд, ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода меҳмононро ба ярмаркаи ҷумҳуриявӣ шодбош намуда, иброз кард, ки яке аз ҳадафҳои меҳварии давлату ҳукумати мамлакат бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ ва ба шуғл фаро гирифтани сокинон мебошад. Иқдоми мазкур дар такя бо дастуру супоришҳои роҳбари давлат амалӣ гардида, ҳадафаш бо ҷойи корӣ таъмин намудани хатмкунандагон мебошад, илова намуд роҳбари донишгоҳ. Дар идома чанде аз роҳбарони мақомоту ташкилотҳои ҳамкор баромад карда, ташкили ярмаркаи мазкурро барои дарёфти ҷойи кории сокинон махсусан хатмкунандагон саривақтиву зарурӣ арзёбӣ намуданд.
Дар ярмаркаи ҷумҳуриявии ҷойҳои холии корӣ аз ҷониби 146 корхонаву ташкилотҳо беш аз 1800 ҷойи холии корӣ пешниҳод гардид, ки дар натиҷа 54 нафар соҳиби роҳхат шуданд. Музди маоши пешниҳодгардида аз 500 то 2000 сомониро ташкил медиҳад.
Баргузории чунин ярмаркаҳо дар ДДҲБСТ ба ҳукми анъана даромада, ҳамасола бо ҷалби васеи корхонаву ташкилотҳои ҳамкор доир карда мешавад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа