ДДҲБСТ: Баргузории конференсияи илмию амалӣ ба ифтихори 110-солагии Мирзо Турсунзода ва 80- солагии Лоиқ Шералӣ

“Назми оламгири Турсунзодаву Лоиқ зинда бод!”  таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмию амалӣ доир гардид. Ҳамоиш ба ифтихори 110-солагии Мирзо Турсунзода ва 80- солагии Лоиқ Шералӣ ба муносибати 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор шуд. Дар кори конференсия олимону донишмандон кормандону устодон, донишгҷӯёну дӯстдорони каломи бадеъ ширкат варзиданд.

Эҳтирому гиромдошти шоистаи бузургони миллат ба таври ҳамешагӣ зери сиёсати хирадмандона ва инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Таҷлили шоистаи 110-солаии мунодии сулҳу дӯстӣ, шоири маҳбуб, қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва 80-солагии шоири миллат Лоиқ Шералӣ аз эҳтиром ба хизматҳои содиқонаву софдилонаи ин адибони номвари тоҷик мебошад, иброз кард ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода дар оғози конференсия.

Сипас раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон дар мавзӯъи “Вассофи сулҳу дӯстӣ, ватан ва саодати зан” дар ашъори Мирзо Турсунзода баромад намуда қайд кард, ки дар ҳақиқат, каломи муассиру ҷозибадори устод Мирзо Турсунзода дар ақсои олам аз минбарҳои баланд садо дода, дар байни оламиён маҳбубияти хоса касб кардааст.

Инчунин дар конфронс гузоришҳои илмии мутахассисони соҳавӣ,устодони МДТ “ДДХ” ба номи академик Б. Ғафуров” Тоҷибой Султонӣ, Абдуҷамол Ҳасанзода, Мӯсо Олимҷонов, Субҳони Аъзамзод ва устодони ДДҲБСТ Туғрал Шокиров, Аслам Каримов перомуни мавзӯҳои “Симои модар дар ашъори Лоиқ Шералӣ”, “Истифодаи санъатҳои бадеӣ дар достони “Чароғи абадӣ”-и М.Турсунзода, “Модарнома”-и М. Турсунзода, “Хусусиятҳои корбурди вожаҳои мураккаб дар назми Лоиқ” ва дигар маърӯзаҳои илмӣ шунида шуданд.

Қайд гардид, ки ашъори ин ду шоирони шинохтаи миллат Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ, намунаи олии пайванди шоирон бо ҳаёти халқ буда, аз мавзӯъҳои миллӣ то масоили байналмилалӣ изҳори андеша карда, шеъру достон, асарҳои саҳнавӣ, филмномаҳо, мақолаҳои илмиву адабии худро ба нерӯи азими маънавӣ мубаддал намуданд. Мероси гаронбаҳои адабии онҳо дар давраи мо ба муҳимтарин ва мубрамтарин масъалаҳои ҳаёти халқ ва давлат ҷавобгӯ мебошад. Ашъори онҳо ҳамроҳи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол қадам мезанад, шодиву нишоти моро ифода мекунад ва бо қалбҳои мо ҳамсадо мешаванд.

Дар фарҷоми конфронс донишҷуёни донишгоҳ аз эҷодиёти шоирони халқии Тоҷикистон – Мирзо Турсунзода ва Лоиқ Шералӣ шеърҳо қироат намуданд.

Шуъбаи таҳлил ва робитабо ҷомеа



 

You might also like