То тавони дӯстонро гум макун…

Таърих гувоҳ аст, ки ду миллати ба ҳам дӯсту ҳамсоя, тоҷику қирғиз як дину як мазҳаб ва фарҳангу анъанаҳои умумӣ доранд. Халқи қирғиз бо тоҷик аз қадимулайём расму оини ягона дошта, риштаҳои дӯстӣ ва хешу таборӣ ҳам дорад. Дар тӯли солҳои қарни гузашта  дӯстиву рафоқати ҳамдигарро эҳтиром намуда, зиндагии осоишта бурда ба кумаки ягдигар меомаданд.

Тоҷикистон бо Қирғизистон 970 километр марзӣ умуми дошта,  танҳо 519 километри он аломатгузорӣ карда шудааст. Дар шароити ҳозира, боқимонда минтақаҳо – минтақаҳои баҳсталаб гардидаанд, ки ин вазъ аксар вақт боис ба ихтилофи байни аҳолиҳои ин ду кишвари ҳамсоя гардида,  дар истифодаи обу замин дар минтақаҳои наздимарзӣ низоҳо ба вуқуъ пайваста истодааст, ки боиси маргу захмӣ шудани сокинони бегуноҳ мешавад. Санаи 28-уми апрели соли ҷорӣ,  баъд аз нисфирӯзӣ  дар мавзеи нуқтаи обтақсимкуни, ки дар болои дарёи Исфара, дар ҳудуди деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркўҳи шаҳри Исфара дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон  мавҷуд аст, муноқиша рух дод. Чӣ тавре, ки маълум гардид, шаҳрвандони Қирғизистон ба ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон  сангпартоӣ карданд, ки дар натиҷа 7 сокини Тоҷикистон ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Тӯли солҳои охир ин гуна низоҳои сарҳадӣ байни ду ҷумҳурии ҳамсоя ба амал меояд, ки ин сабаби марги сокинони ин ду кишвар мегардад.  Аҳолии назди сарҳадии ҷониби ҳамсоя,  ба иғвою таҳалукаандозии баъзе гурӯҳҳои низоангез бовар намуда ҷони худ ва ҳамсоягонро зери хатар монда истодаанд.

Чуноне, ки маълум аст иншооти обтақсимкунии ба ном “Главной”  аз нуқтаҳои аҳолинишин, аз ҷумла, деҳаҳои Коктош ва Оқсойи ҷамоати Оқсойи ноҳияи Боткени Қирғизистон дар масофаи хеле дур воқеъ буда, баъзе нафаронро ором гузошта наметавонад. Аз ҷумла,  раиси ин ноҳияи ҳамсоя Ақилбек Орозов ба ҷои он, ки аҳолиро ба сулҳу субот, ободкорӣ, дӯстиии байни ду миллат ҳидоят намояд, баракс сокинони ин маҳалро ҷамъ оварда, барои муноқиша бо ҳамсоягон, яъне тоҷикон сафарбар намудааст.

Гарчанде, созишнома барои ба эътидол овардани вазъияти низоъангез аз ду ҷониб ба имзо расида бошад ҳам, лекин аз ҷониби ҳамсоягони мо боз ба аҳдшикани роҳ дода шуд. Аз тарафи қирғизҳо 2 нафар ҷавонони бегуноҳи тоҷик  бераҳмона лату куб карда шуданд.  Пас аз он, ки  ин ду ҷавон, беасос   ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштанд, муноқишаи байни ҳамсоягон суръат гирифт.

Гуфтан ҷоиз аст, ки аз ҷониби Қирғизистон дар байни сокинони муноқиша карда, хизматчиёни воҳидоти таъйиноти махсус бо либоси шаҳрвандӣ бар зидди сокинони осоиштаи маҳаллии тоҷикзабон сафарбар карда шуданд. Қирғизҳо ба ҳудудҳои марзии ноҳияи Исфара, ки яке аз ноҳияҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, мехоҳанд бо роҳи зуроварӣ заминҳои он ҷойро бо мақсади аз худ намудани мавзеъҳои асосии обёрикунӣ соҳиб гарданд. Нуқтаи обтақсимкунӣ замини баҳси нест ва бо назардошти  ҳуҷҷатҳои таърихӣ ба ҳудудияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад. Аммо  Ҷумҳурии Қирғизистон мехоҳад, ки  оби дарёи Исфараро ба тарафи худ кашида, онро аз худ намояд. Оё мумкин аст магар, марзҳо ва заминҳои  ҷумҳуриҳои алоҳидаро аз нав тақсим кунанд?  Умуман дар ин мавзӯъ баҳс ҳам кардан мумкин нест! Чунки тақсимоти ҳудудии ҳар як давлат  кайҳо ба ҳамагон маълум аст. Он нафароне, ки ду миллатро, ду ҳамсояи наздикро ба ҳам ҷанг меандозанд ва якдигарро ба ҳам душман мегардонанад, албатта нақшаи ғаразноки худро доранд, ки мардуми одди онро дарк намекунад. Ақли солим, ҳушёрии сиёсӣ бояд дар ҷойи аввал бошад. Ҳамсоягони мо, ки фирефтаи иғвоҳою суханҳои низоангезӣ душманони ҳар ду тараф гаштаанд, боварӣ дорем, аз рафтори ношоистаи худ бо дахолат кардан ба заминҳои Тоҷикистон изо кашанд, зеро тоҷикон ба марзи ҳамсояи худ ҳеҷ гоҳ чашм ало намекунанд.

Бинобар он, ин низоъро танҳо бо воситаи гуфту шуниди тарафайн ҳаллу фасл кардан мумкин аст, ки  роҳи бартараф намудани масъала мебошад. Сарварони ҳар ду давлат ҳамеша кӯшиш доранд, ки  сулҳу субот ва дӯстӣ  байни ин миллатҳо пойдор бошад. Ҳар як давлати соҳибихтиёр  ҳуқуқи комилӣ  соҳиби марзу буми худ мебошад. Бояд  тарафайн дар асоси тамоили таҳаммулпазирӣ рафтор намуда, мардумашро ба ҳаёти осоишта ҳидоят намояд.

Халқи тоҷик ҳамчун миллати бофарҳанг, сулҳҷӯ, тамаддуну ваҳдатофарин мавқеи хоса дорад, ки ин аз ҷониби ҷомеа ҷаҳонӣ  эътироф карда шудааст. Ҳамчун баъзе маъруфтарин арбобони давлати Ҷумҳурии Қирғизистон ба монанди Исҳак Разаков бо академик Бобоҷон Ғафуров ҳамсабақ буда дар мактаб – интернати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таҳсил ва тарбия гирифтаанд, алолқаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ доштанд, ки ин бояд ташфиқу тарғиб карда шуда, дӯстии байни халқҳои моро густариш диҳад. Халқи тоҷик баробари халқи қирғиз хизматҳои шоёни адиби машҳури замони Шуравӣ Чингиз Айтматовро эҳтиром ва этироф менамояд. Асарҳои ӯро ҳамчун маводҳои тарбиявӣ, тараннуми дӯстиву рафоқат ва ватандӯстиву инсонпарварӣ васеъ истифода мебарем. Мо боварии комил дорем, ки ин муноқишаҳои сарҳадӣ муваққатӣ буда, аз байн мераванд, нақшаҳои ғаразноки гурӯҳҳои низоангез бар ҳадафи худ намерасанд ва дар байни халқу давлатҳо дӯстӣ ва меҳру рафоқати ҳамсоягӣ барқарор мегардад.

Акмалова М.А. – д.и.с., профессор, декани

факултети сиёсатшиносӣ ва МБ ДДҲБСТ

You might also like