Оғози моҳвораи ҷавонон дар ДДҲБСТ

04 майи соли 2021 дар саҳни бинои таълимии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони  Тоҷикистон ва кушодашавии расмии моҳвораи ҷавонони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии бошукӯҳ таҳти унвони “Ҷавонон пайравони Пешвои миллат”  бо иштироки устодону донишҷӯён ва меҳмонон  баргузор гардид.

Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода  чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки ба шарофати соҳибистиқлолии кишварамон тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ рӯ ба тараққӣ  ниҳода, таваҷҷӯҳу дастгирии  Ҳукумати  мамлакат, бахусус, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбати  ҷавонон сол аз сол афзун мегардад. Зикр гардид, ки ин чорабинии бошукӯҳ маҳз ба хотири сарҷамъиву тифоқии ҷавонон ташкил карда шудааст. Аз иштирокчиёни чорабинӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар замони зудтағъирёбанда ва авҷ гирифтани гуруҳҳои манфиатхоҳ ҷавонон махсусан донишҷӯёнро лозим аст ҳушёриву зиракиашонро аз даст надода, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар саҳмгузор бошанд.

Дар идомаи чорабинии мутантан сардори раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят Мирзоқосим Каримов баромад карда, тамоми ҷавонону донишҷӯёни донишгоҳро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон шодбош гуфт. Иброз гардид, ки ин қабил мулоқоту чорабиниҳо ва пайгирӣ аз иқдоми пешгирифтаи давлату хукумат  барои  дӯстиву рафоқат байни ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва дарёфту рушди соҳибистеъдодҳои ҷавон мусоидат менамояд.

Дар қисми дуввуми чорабинӣ як гуруҳ донишҷӯёне, ки дар мусобиқаву озмунҳои гуногун сазовори мақоми ифтихорӣ гардидаанд бо Ифтихорнома маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ шуданд. Барои болидахотирии иштирокчиён дастаи созиву овозии  “Ошёни меҳр”-и  донишгоҳ барномаи адабию фарҳангӣ пешниҳод карданд. Дар доираи моҳвораи мазкур тибқи нақша баргузории чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like