Баргузории чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ташкилоти ибтидоии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар факултетҳои донишгоҳ чорабиниҳои гуногун ташкилу баргузор намуд. Дар ҳама гуруҳҳо соатҳоии кураторӣ дарси Ваҳдат доир гардид. Инчунин, дар доираи чорабиниҳои мазкур дар факултетҳои донишгоҳ  маҳфил таҳти унвони  “Меҳрномаи Ваҳдат”, озмуни навиштани иншо  дар мазӯи “Ваҳдат саодати халқ” ва маҳфили адабӣ таҳти унвони “Ҷавонони ваҳдатсаро” баргузор гардиданд.

Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳо котиби ҳамоҳангсози Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аъзам Ҳотамӣ, мушовири Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Муқаддам Ҳошимзода ва корманди Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Суғд Дилором Ҷабборова иштирок намуданд.

Зикр гардид, ки дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташкилоти ибтидоии Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон фаъолияти назаррас дорад. Аз ҳисоби кормандону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ ташкилоти мазкур беш аз 7300 аъзо дорад.

Илова шуд, ки чорабиниҳои мазкур баҳри устувории ваҳдати миллӣ, ривоҷу равнақи корҳои бунёдкорию созандагӣ, баланд бардоштани ҳисси миллатдстию ватанпарварӣ ва амалӣ намудани ҳадафҳои Шӯрои ҷамъиятии ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи  Тоҷикистон  дар заминаи мунтазам баланд бардоштани дараҷаи некӯаҳволии халқ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ равона гардидааст.

Ба истиқболи ҷашни Ваҳдати миллӣ тибқи нақша дар кафедраву факултетҳои ДДҲБСТ баргузории конференсияву мулоқот ва мизҳои мудаввар бо ҷалби аъзоён Шӯрои ҷамъиятии ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи  Тоҷикистон, ҳайъати устодону профессорон ва донишҷуён  дар назар аст.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like