Усулҳои инноватсионии таълим: ҳолати муосир ва дурнамои такомул

Баргузории конференсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Усулҳои инноватсионии таълим: ҳолати муосир ва дурнамои такомул» дар ДДҲБСТ

30 апели соли 2021 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  конференсияи ҷумҳуриявии илмию методӣ дар мавзўи «Усулҳои инноватсионии таълим: ҳолати муосир ва дурнамои такомул», бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори конференсия коршиносон, олимон, кормандони муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишвар  иштирок намуданд.

Нахуст муовини ректор оид ба корҳои таълим Ҳаким Ғаюров баромад карда, меҳмононро ҷиҳати иштирок ба конференсияи ҷумҳуриявӣ шодбош кард. Иброз гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳу усулҳои пешқадаму муосири таълим, мустаҳкам намудан ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимиву илмӣ, васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, ба роҳ мондани ихтисосҳои нави ба талаботи иқтисоди миллӣ ҷавобгӯй ва воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилот дар маркази таваҷҷӯҳи таҳсилоти олии касбии кишварамон қарор дорад.

Инчунин дар конференсияи директори Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон Бахтиёр Муҳаммадӣ баромад карда мавзӯи конференсияро заруриву саривақтӣ унвон кард. Дар идома, муовини диретор оид ба корҳои таълими ДПДТТ ба номи Муҳаммад Осимӣ Хуршед Мақсудов дар мазӯи “Аз салоҳиятҳои фаннӣ ба салоҳиятҳои хатмкунанда дар МТМО”, муовини директор оид ба таълими Донишкадаи кӯҳию металургии Тоҷикистон Замониддин Насриддинов таҳти унвони “Чораҳои самарабахши азхудкунии “Блоки ихтисосҳои заминавӣ””, муовини ректор оид ба корҳои таълими ДДҲБСТ Ҳаким Ғаюров дар мавзӯи “Автоматикунонии раванди таълим омили баланд бардоштани сифати таҳсилот дар МТМО” ва мудири кафедраи фарҳангшиносии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров бо номи “Гузариш ба муносибатҳои босалоҳият-асоси пешрафти азхудкунии донишҷӯён” маърӯзаҳо ироа намуданд

Ҳадафи конференсия мубодилаи афкори олимону мутахассисон ҷиҳати дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот бо истифода аз усулҳои инноватсионии таълим ва муайян намудани дурнамои инкишофи таҳсилоти олӣ маънидод гардид.

Ҳамчунин, дар бахшҳои кори конференсия масъалаҳои таҳсилоти инноватсионӣ дар мактаби олӣ, технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим дар мактаби олӣ: ҳолат ва дурнамо, таҳсилоти фосилавӣ дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: афзалиятҳо ва муаммоҳо, такмили шаклу усулҳои таълими интерактивӣ дар низоми таҳсилоти олӣ, самтҳои асосии таҷдиди раванди таҳсил ва идоракунии онҳо, нақш ва аҳамияти муносибати салоҳиятнокӣ  дар тайёр намудани мутахассисон, роҳҳои баланд бардоштани малакаи касбии профессорону омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

    

You might also like