Идома ва ҷамъбасти конференсияи “Илм ва инноватсия дар низоми татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллӣ”
Бо баргузории як ҷаласа Конференсияи илмию амалии олимону профессорон ва муҳаққиқони ҷавон таҳти унвони “Илм ва инноватсия дар низоми татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллӣ”, ки санаи 21 апрел бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рўзи илми тоҷик оғоз гардида буд давоми ду рӯз дар бахшҳо идома кард, шуд.
Кори конференсия дар заминаи кафедраҳои донишгоҳ дар давоми 2 рӯз ҷараён гирифта зиёда аз 600 мақолаҳои илмии устодон ва муҳаққиқони ҷавон дар бахшҳои конференсия баррасӣ гардиданд Аз ҷумла, дар тамоми бахшҳо олимону омӯзгорон 250 мақола, донишҷуён зиёда аз 300 мақола ва докторантону магистрантон беш аз 50 мақолаи илмӣ омода намуданд, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳадафи баргузории конференсия дар амал татбиқ намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ҳамчунин татбиқи ҳадафҳои Стратегияи миллӣ дар самти илм ва инноватсия мебошад.
Зимни натиҷагирӣ аз кори конференсия роҳбарияти донишгоҳ иброз кард, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол барои донишҷӯён баҳри хотирмон гардидани ин конференсияи илмию амалӣ нашри махсус бо маърӯзаю мақолаҳои илмии онҳо аз нашр баромад.
Илова шуд, ки тибқи дастуру супоришҳо, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат таъкид гардид: “… минбаъд ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм фурӯғи маърифат» баргузор карда мешавад”. Ин озмун бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон низ баргузор мегардад.
Ҳадаф аз ин ташкилу баргузориҳо, пеш аз ҳама, такмили сатҳи саводу маърифатнокӣ, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии кишвар, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ мебошад.
Дар қисмати дуввум як гурӯҳ донишҷӯёну магистрантон ва муҳаққиқони ҷавону устодон барои маърӯзаҳои беҳтарин бо Сипосномаву Ифтихорномаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ карда шуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа