Амалҳои ношоистаро маҳкум мекунем

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, аз тарафи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ нисбат ба шаҳрванд Холов Изатулло Амонович (Изат Амон), соли таваллудаш 1973, зодаи Ҷамоати деҳоти Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ, барои содир кардани ҷинояти қаллобӣ дар асоси моддаи 247, қ.4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Ин ашхос Маркази тоҷикон»-ро ба таври пардапўшона барои аз худ кардани кўмакҳои молии муҳоҷирон истифода кардааст;

Бояд кайд намуд, ки Холов И.А. дар Федератсияи Россия бо роҳи фиребу найранг, бо баҳонаи ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатӣ аз даҳҳо нафар маблағҳои калони бо пулӣ гирифта, аз худ кардааст. Холов И.А. маблағҳои бо роҳи фиреб ба даст овардаашро ба манфиати шахсии худ ва хамроҳонаш  истифода бурда, ба шаҳрвандон тоҷик зарари моддӣ расонидааст.

Холов И. аъзои ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24» буда яке аз шахси зуҳуроти номатлуб мебошад, ки дар замони имрўза ба шумор меравад, ки, бо ҳамроҳонаш онҳо ҷинояткорне ҳастанд, ки дар ҳамдастӣ ҳамкорони наҳзатиашон пайваста ҷиноятҳои зиди мардумӣ содир мекунад. Амалҳояш ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он бо мақсади, бартараф кардани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ мебошад. Ин созмони ифроти барои расидан ба мақсадҳои худ ба тамоми воқеаҳо ва рўйдодҳои кишварамон дахл мекунанд ва аз фурсат истифода бурда Хукумати Тоҷикистонро сиёҳ мекунанд.

Маҳз бо ин роҳу восита мехоҳанд мардумро гумроҳ карда дар байни онҳо таблиѓоти ифротгароёнаи ҳудро густариш диҳанд ва ба барои ба ҳадафҳои нопоки худ ноил шудан истифода баранд. Дар марҳилаи ҳозира ҳадафи он идеологияе, ки ин идда мехоҳанд миёни мардум паҳн намоянд, дар он зоҳир меёбад, ки ҷавонононро ба худ ҷалб намуда, зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти худро бар зидди ҳукумату давлат гардонда, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ равона месозанд, ва мехоҳанд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфузу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Аз ин рў, ҷавононро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабабу омили шахсони ифроти ва гуруҳҳои терроризмро биёмўзанд ва барои дафъи он кўшиш кунанд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.

Пешвои миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ чунин нуқтаҳоро қайд намуда буданд: “Вобаста ба равандҳои ҷаҳонишавӣ ва шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, ҳамчунин воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа ниҳодҳои илмиву таҳқиқотии Академия илмҳо, академияҳои соҳавӣ, Маркази таҳқиқоти стратегӣ, дигар марказҳои илмӣ ва кафедраҳои ҷомеашиносии муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки ба таҳқиқу таблиѓи масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои миллии таърихиву фарҳангӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, пойдории ваҳдат ва суботи ҷомеа таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд”.

Ҳодисаҳои рўйдодаистодаи ҷомеаи ҷаҳонӣ моро водор месозад, ки ҳаргиз зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва барои ҳимояи амният, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, волоияти қонун ва оромиву осудагии кишвари маҳбубамон ҳамеша омода бошем

Бобоев Ҳ.С.-  н.и.и, дотсенти

кафераи аудит ва ревизияи ДДҲБСТ

You might also like