1-230101 Муносибатҳои байналмилалӣ

Аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои муассисаҳои олӣ афзалиятҳои зиёд, ба монанди таъмини сифати барномаҳои таълимӣ, рақобатпазирии муассисаҳои олӣ ва эътироф гардидани дипломи муассисаҳои ҷумҳурӣ дар дигар давлатҳоро доро мебошад. Дар робита ба ин, раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияти худро барои ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилот равона намуд.

Аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои амалкунандаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон якчанд марҳиларо фаро гирифта, он аз лаҳзаи баимзорасии созишнома ва ташкили семинари омӯзишӣ бо Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг шурӯъ гардид.  Комиссияи ташхисии берунаи Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг барои аз аккредитатсияи байналхалқӣ гузаронидани ихтисосҳои   муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқшиносӣ  ва молия ва қарз  ба донишгоҳ ташриф овард. Аз ҷониби комиссия фаъолияти донишгоҳ дар самти омода кардани мутахассисони соҳавӣ, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ дар ҷараёни таълим, муносибату фаъолияти хуби ҳайати устодону профессорон ва ҳозирҷавобии донишҷўён, нақшаҳои дурнамо ҷиҳати тақвияти самтҳои мухталифи фаъолияти донишгоҳ мусбӣ баҳогузорӣ шуданд.

Хулосаи ниҳоии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг нисбат ба аккредитатсияи ихтисосҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шўрои аккредитатсионии агентии мазкур қабул гардид. Дар Шӯрои ректорони муассисаҳои  таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани се ихтисоси донишгоҳ падидаи муҳим ва дастоварди хуби соҳаи маориф арзёбӣ гардида, ба сарвари ДДҲБСТ аз ҷониби намояндагони Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг барои ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилот шаҳодатномаи барномаи аккредитатсияи байналмилалӣ супорида шуд. Соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардидани ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ (дипломатия),  молия ва қарз эътирофи донишгоҳ дар арсаи ҷаҳонӣ, як қадами устувор дар роҳи ворид гардидан ба фазои таҳсилот ва рейтинги байналмилалӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ маҳсуб меёбад.

Таҷрибаи аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳо ва барномаҳои таълимии амалкунандаи донишгоҳ воқеияти ҷараёни ҷудонашавандаи рушди таҳсилоти олӣ дар замони муосир будани аккредитатсияи байналмилалӣ, ба сифати таҳсилот ва низоми фаъолияти мактаби олӣ таъсири мусбӣ расонидани онро тасдиқ намуда, барои ворид шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.

 

You might also like