Иштироки коршиносони мо дар ҷараёни арзёбии берунаи таъмини сифат дар фаъолияти мактабҳои олии Ҷумҳурии Қазоқистон

Дар шароити муосир тағйиротҳои институтсионалӣ дар таъмини сифат сурат мегирад. Таъмини сифат дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ин раванди динамикӣ, ки тағйирёбии муносибатҳо, усулҳо ва ҳатто дар сиёсатро дар назар дорад. Тайи ду даҳсолаи охир фаъолияти байналмилалӣ оид ба таъмини сифат ба афкори сифати фаъолияти донишгоҳҳои Осиеи Марказӣ таъсири худро расонид. Қазоқистон ҳамчун намунаи амалии беҳтарини гузаронидани тағйиротҳои институтсионалӣ ба ҳисоб рафта, дастовардҳо метавонанд аз ҷониби кишварҳои ҳамсоя қабул гарданд.
Аз 16 то 18 марти соли 2021 дар Донишгоҳи инноватсионӣ-технологии Ғарбии Қазоқистон (ш. Уралск) 15 барномаҳои таълимии он аз Аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида шуд. Дар рафти онлайн-ташриф ба ҳайати комиссияи экспертии беруна (КЭБ)-и Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR-АМАР) коршиносони ботаҷриба аз Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Эстония дохил карда шуданд. Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, д.и.и., профессор Бобоҷонов Даврон Дадоҷонович ба ҳайси раиси КЭБ дар ин чорабинӣ иштироки фаъол намуданд. Мақсади ташрифи КЭБ ба Донишгоҳи инноватсионӣ-технологии Ғарбии Қазоқистон ин дар асоси меъёрҳои аккредитатсияи тахассусии АМАР арзёбии сифати фаъолияти Донишгоҳ ва барномаҳои таълимии он ба ҳисоб мерафт.
Гузаронидани Аккредитатсияи байналмилалӣ ба донишгоҳҳо барои соҳиб гардидан ба як қатор бартариятҳои рақобатпазирӣ, ба монанди эътирофи байналмилалӣ, тасдиқи кафолати баланди сифати таълим ва хизматрасониҳо, бо сифати баланд баҳодиҳии сатҳи фаъолияти худ ва барномаҳои таълимии амалишаванда, ҳамгироии васеъ ба фазои ҷаҳонии таълимӣ ва дастрасӣ ба бозори беруна, таъмини шуғлнокии хатмкунандагон аз рӯи ихтисос дар кишвари худ ва берун аз он имконият медиҳад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

You might also like