Тантанаҳои наврӯзӣ дар ДДҲБСТ
Наврӯз — ин соли нав, рӯзи нахустини омадани баҳор, айёми шукуфтану дамидани гулу сабза ва шодиву сурур, аз хоб бедор шудани табиати муъҷизакор, оғози кишту кори баҳорӣ ва яке аз қадимтарин ва бошукӯҳтарин иди миллии халқҳои Машриқзамин, аз ҷумла тоҷикон мебошад.
Ба ифтихори ин ҷашни қадимаи мардуми куҳанбунёди тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабиниҳои адабиву фарҳангӣ ташкилу баргузор гардиданд.
Зимни баргузории тантанаҳои наврӯзӣ дар донишгоҳ иброз гардид, ки бо ибтикор ва ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномае қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Иди Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид. Истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз баъд аз қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.
Зимни баргузории чорабиниҳо роҳбарият ва кормандону устодон баромад карда изҳор доштанд, ки ҷашни Наврўз таҳти сиёсати дурандешона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун падидаи хиради созанда, таҷассумгари фалсафаи таҳаммулгароӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоишта, нишони арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва анъанаҳои ниёгон ба аҳли башар муаррифӣ гардида, мақоми байналмилалиро соҳиб шудааст.
Воқеан, Наврӯзи имсола дар кишвари мо дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги сисолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон таҷлил мегардад, яъне баҳори имсола – баҳори истиқлол ва Наврӯзи он Наврӯзи истиқлол мебошад, илова шуд дар тантанаҳои наврӯзии донишгоҳ.
Кормандону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар чорабинии идонаи «Боғшаҳри наврўзӣ»-и шаҳри Хуҷанд фаъолона иштирок карда, хаймаи алоҳида, ки фарогири расму оин ва суннатҳои наврӯзӣ буд, ташкил намуданд. Роҳбарияти вилояту шаҳри Хуҷанд ва аҳли зиё зимни боздид аз гӯшаи ДДҲБСТ баҳои баланд доданд.
Дар саҳни чорабиниҳои наврӯзии донишгоҳӣ низ духтарону бонувони донишгоҳ бо аз бар намудани либосҳои миллӣ, оростани хони наврӯзӣ ва қироати шеъру гуфторҳои баҳориву наврӯзӣ ба ҳусни тантаҳои ҷашнӣ таровати дигар зам карданд. Устодони донишгоҳ атрофи деги суманак дар мавриди ояндаи донишгоҳ, давлату миллат ва осудагии замину замон орзуҳои нек карданд.
Дастаи созиву овозии “Ошёни меҳр”-и назди раёсати донишгоҳ бо барномаҳои рангини консертӣ хотири иштирокдоронро шод намуданд, ки зери суруду мусиқиҳои дилнишини наврӯзӣ кормандону устодон ва донишҷӯён то дергоҳ рақсу шодмонӣ карданд ва Наврӯзи ҷаҳонӣ дар ДДҲБСТ хубу хотирмон таҷлил карда шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




















