Табрикоти ректор, профессор Шарифзода М.М. ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз

Устодони муҳтарам! Донишҷӯёни азиз!

Шуморо бо камоли эҳтиром ва самимияти афзун бо ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар саҳифаҳои таърихи навини давлатдориамон ҳамчун таҷассумгари тафаккури миллӣ ва сиришти маънавӣ ҷойгоҳи хос гирифтааст, табрику муборакбод менамоям.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи шинохти Наврӯз оғоз гардида, суннату оинҳои он эҳё шуданд.
Ҷашни байналмилалии Наврӯзи фархундапаю бостонӣ, ки ифодагари ормонҳои миллии мардуми тоҷик мебошад, ибтидояш решапайванди ҳазорсолаҳост. Шукӯҳу шаҳоматаш заррае коста нагардида, то ба рӯзҳои мо пойдору устувор омада расидааст. Ҷашни бузурги миллии моро ҷаҳониён пазируфтанд ва он аз ҷашнвораҳои маҳбуби ҷаҳонӣ гардид. Ҷаҳонишавии Наврӯзи миллии тоҷикон эътирофи ҷаҳонии дастовардҳои миллати соҳибтаъриху соҳибтамаддуни тоҷик буда, рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, пайванди наслҳо ва эҳёи табиат мебошад.
Наврӯз, тарғибгари беҳтарин суннатҳои волои аҷдодӣ буда, оғози рӯзи наву соли нав, рамзи пирӯзию рӯшноӣ бар зулмоту ҷаҳолат, густариши дӯстию рафоҳат, фаровонии хайру баракат ва ифодагари орзую омоли неки мардум мебошад. Маҳз, ҳикмати Наврӯз мардуми моро дар лаҳзаҳои ҳассоси рӯзгор ба ягонагӣ, нангу номус ва ҳимояи Ватан ҳидоят менамояд.
Иди фархундаю бостонии қавмҳои ориёӣ – Наврӯзи байналмилалӣ дар сарзамини биҳиштосои Тоҷикистон имсол низ чун анъанаи неки ниёгони фарзонаамон бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагию ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз ваҳдуту ягонагӣ таҷлил мегардад. Аҳли донишгоҳ низ ҷашни бостонии ниёгонамонро зери тассуроти нотакрор аз дастовардҳои беназир ва омодагӣ ҷиҳати таҷлили сазовори 30-солагии Истиҳлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиҳбол мегиранд.
Падидаи неку хотирмон аз Наврӯзи гузашта то Наврӯзи имсола ҳадршиносии як зумра устодон барои дастоварди назаррас дар таълиму тарбияи ҷавонон аз ҷумла, бо Ҷоизаи ба номи И.Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илму маориф, медали “Хизмати шоиста”, нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ғолибияти донишҷӯёнамон дар олимпиадаи Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Интернет – олимпиадаи кушоди байналмилалии донишҷӯён аз фанни математика, иштирок ва ҷойҳои ифтихориро ишғол кардани муҳассилини донишгоҳ дар озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ва “Донишҷӯи сол” боиси ифтихору сарфарозист.
Аз ҷониби устодони донишгоҳ ба дифоъ расидани 4 рисолаи докторӣ ва 14 рисолаҳои номзадӣ, дар доираи эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, даҳиҳ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» таъсиси ихтисосҳои нав, таълифи 3 китоби дарсӣ, 25 маҳолаи илмӣ ва 5 дастури таълимию методӣ, дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ таъсиси факултети муштарак бо Донишгоҳи давлатии ҳуҳуҳшиносии Тошканд, Донишкадаи молияи Тошканд ва Донишгоҳи давлатии ҳуҳуҳ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз армуғони шоистаи наврӯзӣ маҳсуб меёбад.
Ҳобили зикр аст, ки мардуми тоҷик аз ҳадимулайём дар остонаи ҷашни бузурги миллӣ – Наврӯзи Аҷам тибҳи суннатҳои писандидаи худ ба тозаву озода, сабзу хуррамгардонӣ ва корҳои ободониву созандагӣ машғул мешаванд. Аҳли донишгоҳ ҷиҳати таҷлили хотирмони ҷашни бостонии ниёгон ва эҳёи русум ва суннатҳои Наврӯзӣ корҳои ободонию созандагӣ ва кабудизоркуниро вусъат мебахшанд.
Итминон дорем, ки ҷомеаи меҳнатӣ, кулли устодону донишҷӯёни донишгоҳ ҷашни хуррамбаҳори Наврӯзӣ, иди аҷдодии худро сазовор ва хотирнишин истиҳбол гирифта, барои муваффаҳияту комёбиҳои минбаъда саъю талош меварзанд
Соли навини тоҷикон – Наврӯзи хуҷастапай бо зангӯлаи нусрату хушиҳои бепоён ба остони хонадони ҳар сокини хушбахти Тоҷикистони биҳиштосо ҳадам мегузорад. Ин ҷашни зебою бостонӣ бо ҳудуми хуҷастааш ба хонадони ҳар яки мо файзу баракат меорад, боварӣ ва эътимодро ба ояндаи дурахшони ҷомеа ҳавитар мегардонад, ба ҳалбу рӯзгори мардум суруру ангезаи муҳаббат мебахшад, баҳри ояндаи дурахшон ва созандагиву бунёдкорӣ раҳнамун месозад.
Дар ин айёми фараҳафзои Наврӯзи хуҷастапай Шумо ва наздикону пайвандонатонро ба ифтихори таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ муборакбод намуда, ба ҳамагон азамату шаҳомати наврӯзӣ, бахту саодати ҷовидона, сарбаландиву шодмонӣ, зебоиву шукуфоии абадӣ ва дар фаъолияти минбаъда муваффақияту комёбиҳои беназир таманно дорам.

You might also like