Роҳҳои баланд бардоштани саводнокии иттилоотию коммуникативӣ дар пешрафти таълим
18 марти соли 2021 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон семинари машваратӣ дар мавзӯи “Роҳҳои баланд бардоштани саводнокии иттилоотию коммуникативӣ дар пешрафти таълим” доир гардид. Дар кори семинари ҷумҳуриявӣ, ки бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия” роҳандозӣ гардид, намояндагони донишгоҳу донишкадаҳо ва муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии мамлакат ширкат варзиданд.
Нахуст, муовини ректор оид ба корҳои таълими ДДҲБСТ Ҳаким Ғаюров меҳмонону иштирокчиёнро ба семинари машваратии ҷумҳуриявӣ шодбош карда, мавзӯи онро саривақтиву зарурӣ арзёбӣ кард. Сипас директори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия” Киромуддин Назаров баромад карда, дар мавриди зарурияти мавзӯи семинар андешаронӣ кард. Қайд шуд, ки рушди илму техника дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ҳарчи бештар ба саводнокии иттилоотиву коммуникативӣ дар муассисаҳои таълимӣ таваҷҷӯҳ бояд кард. Илова гардид, ки ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас дар кишвар солҳои 2020 -2040 – “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон гардидааст.
Дар идомаи семенари машваратӣ як зумра устодон аз донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат-декани факултети математикаи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Дилшод Музаффаров дар мавзӯи “Аз таҷрибаи ташкил ва истифодабарии шабакаҳои нейронӣ”, сармутахассиси бахши технологияи иттилоотӣ ва инноватсионии ДДҲБСТ Махкамҷон Ҳасанов зери унвони “Автоматикунонии раванди фаъолияти кормандони китобхонаи илмӣ тариқи барномаи “Картотекаи электронӣ””, омӯзгори кафедраи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезии ДДҲБСТ Аълохон Бобозода дар мавзӯи “Истифодабарии тахтаи электронӣ дар раванди дарс” ва чанде аз кормандону устодони донишкадаву донишгоҳҳо маърӯзаҳо ироа карданд.
Дар интиҳои семинари машваратии ҷумҳуриявӣ натиҷагирӣ карда шуд, ки бо назардошти дастгириҳои давлату ҳукумат сатҳу сифати таълимро бо ҷорӣ намудан ва истифодаи самараноки техноголияи муосири раванди таълим дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда, ба ин васила сатҳу сифати таҳсилот ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ карда шавад.










