Ҳукми боадолатона нисбати парвандаи Кабирӣ

Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён 8-уми феврали соли 2021 дар нишасти матбуотии худ оиди парвандаи собиқ раиси ТЭТ ҲНИ ба саволи журналистон посух дод. Ӯ таъкид кард, ки тибқи Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гунаҳкор донистани собиқ раиси  ТЭТ ҲНИ мутобиқи моддаҳои 107, 189 ва 199 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон асоснок донистаанд.

Агар ба қонунгузории мамлакат назар афканем мебинем, ки моддаи 107. «Одамкўшӣ дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан ё дар ҳолати баромадан аз ҳадди чораҳое, ки барои дастгир намудани шахси ҷиноят содир карда заруранд

1) Одамкушӣ дар ҳолати аз ҳадди мудофиаи зарурӣ баромадан,

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Одамкушӣ дар ҳолати  баромадан аз ҳадди  чораҳое, ки барои дастгир кардани шахси ҷиноят содирнамуда заруранд,

– бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то ду сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад».

Диспозитсияи моддаи зеринро чунин тафсир кардан мумкин, ҳангоми баромадан аз ҳадди мудофиаи зарурӣ ва куштани ду ва ё зиёда шахсон низ бо қ.1 м.107 КҶ бандубаст карда мешаванд.

Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои одамкушӣ дар холати баромадан аз ҳадди чораҳое, ки барои дастгир намудани шахси чиноят содириамуда заруранд, дар қисми 2-юми ҳамин модда пешбинӣ карда шудааст. Шахс бо ин кисми модда ҳамон вақт ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, ки ҳангоми дастгиркунии шахси ҷиноятсодирнамуда, аз имконияти безарар ё бо зарари камтар дастгир намудани шахс истифода набурда, кушторро содир мекунад. Субъекти ҷиноят шахси мансабдори ин ҷиноятро содириамуда бо қ. 2 м. 107 КҶ ҶТ ба чавобгарӣ кашида мешавад, ки бевосита ба роҳбари ҳизби дар боло қайдшуда таалуқ дорад.

Моддаи 189. «Барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ

1) Ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ, ё паст задани шаъну эътибори миллӣ равона шудаанд, инчунин тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал, агар ин кирдор ба таври оммавӣ ё бо истифодаи воситаҳои  ахбори омма анҷом дода шуда бошад,-

бо маҳдуд кардани озодӣ ба мўҳлати то панҷ сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мўҳлат ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин ҳаракат, агар:

а) такроран;

б) бо зўроварӣ ё таҳдиди истифодаи он;

в) бо истифодаи мақоми хизматӣ;

г) аз ҷониби гурўҳи шахсон ё гурўҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ анҷом дода шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то даҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол ё бидуни он ҷазо дода мешавад.

3) Ҳаракати пешбининамудаи қисмҳои якум ё дуюми ҳамин модда, агар:

а) аз ҷониби гурўҳи муташаккил;

б) аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад;

в) ба зўран пеш кардани шаҳрванд аз маҳалли сукунати доимӣ оварда расонад;

г) дар ҳолати рецидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир шуда бошад,-

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мўҳлати то панҷ сол  ё бидуни он ҷазо дода мешавад».

Хавфнокии баланди ҷинояти мазкур дар он зоҳир мегардад, ки дар натиҷаи содир кардани он ҳаёт, саломатӣ ва ҳукуку озодиҳои гурӯҳи муайяни одамон вобаста ба мансубияташон ба ягон миллат, нажод, дин ё маҳал, дар зери хатар мононда мешавад.

Тарафи объективии ҷинояти мазкур дар ҳаракатҳои зерин ифода мегардад:

а)        ҳаракатҳое, ки барои барангехтани кинаю адоват ё низоъи миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динй равона карда шудаанд;

б)        ҳаракатҳое, ки барои паст задании шаъну эътибори миллӣ равона шудаанд;

в)        тарғиби бартарии шаҳрвандон аз нигоҳи муносибати онҳо ба дин, мансубии онҳо ба миллат, нажод ё маҳал.

Барои он ки ҳаракатҳои номбаршуда ҷиноят эътироф карда шаванд, онҳо бояд ҳатман бо тарзҳои дар КҶ ҶТ муқарраршуда содир карда шаванд. Яъне, тарзи баамалбарории ҷиноят аломати ҳатмии таркиби он ба ҳисоб меравад, ки КҶ ҶТ онҳоро чунин муқаррар кардааст: а) ба таври оммавй; б) бо истифодаи воситаҳои ахбори умум.

Моддаи 313. “Исёни мусаллаҳона”

Ташкили исёни  мусаллаҳона  ё иштироки фаъолона дар он бо мақсади аз байн бурдан ё бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон ё вайрон намудани тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бист сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

Баъди таҳлили моддаҳои зерин метавон хулоса кард, ки дар ҳақиқат дар парвандаи ҷиноии Кабирӣ аломатҳои ҷиноят дида мешавад. Худи роҳбарияти ҳизб ва аъзоёни наҳзат раиси худро бегуноҳ меҳисобанд. Аммо саволе ба миён меояд, ки то куҷо ин ҷинояткор худро бегуноҳ мегирад. Агар рафту бегуноҳ пас барои чӣ ба хориҷа фирор кард. Саволест, ки роҳбарияти ҳизб ба он ҷавоб дода наметавонад ва намедиҳад ҳам.

Воситов Ҳ.А.н.и.ҳ., муаллими калони кафедраи

назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ

You might also like