Мушти обдори Абдуқодир Талбаков ба даҳони Кабирӣ

Ҷавоб ба мақолаи «Кабирӣ аз  ҷониби хадамоти масуси хориҷӣ  истихдом (вербовка) шудааст». Муаллифи мақолаи мазкур Абдуқодир Талбаков – коршинос, рӯзноманигор, таърихшинос, директори Китобхонаи ба номи Лоҳутӣ бо факту исботи раднопазир ба Кабирӣ ва ТЭТ ҲНИ мушти обдор задааст.

Вақте ки навиштаҷот оид ба фаъолияти амалиёти носолими  гурӯҳи  Муҳиддин Кабириро  аз назар мегузаронад ё мехонад нафрати инсон ба ин гурӯҳ ва худи Мухиддин Кабирӣ зиёд мешавад.

Мутаассифона дар тассавури баъзе афроди ҷомеа ақидаҳои нодурусти динӣ ҷой доранд,  ки ба гурӯҳҳои Мухиддин Кабирӣ ифротгароӣ шомил мегардонад ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд, ки дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд,  мехост, ки ҷаҳон мувофиқи хости он шакл бигирад.

Бештари ин гуна афроди ҷомеа дар  гузашта дузду ҷинояткор будаанд ё нашъамандӣ кардаанд. Қисми зиёди чунин шаҳрвандон ба фиребу найранги динӣ афтода,  аз зиндагии мустақилонаи худ маҳрум шудаанд. Муҳиддин Кабирии  бадрафтор ва террорист барои ноил шудан ба нақшаҳои худ аз дин моҳирона истифода мебарад.  Дар мақола коршинос  Абдуқодир Талбаков дуруст қайд намудааст, ки  дар оғози солҳои 90-ум (баъди пошхӯрии собиқ кишвари шӯравӣ) 15  ҷумҳурии мустақил ба муаррифии чеҳраи миллии худ дар ақсои олам шурӯъ намуданд, вале хонаи мо ва ватани умумии мо – Тоҷикистони азизро Ҳизби наҳзат ба хоку хун кашид ва ҳамаи ин ҳаракатҳои зиддидавлатии ин гурӯҳ бо   Мухиддин  Кабириро ба назар гирифта, 22-декабри соли 2015 бо қарори Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди ҷумхурӣ катъ гардонида шуд.

Новобаста аз қатъ гардидани фаъолияти ин ҳизб, онҳо дар хориҷа истихдом (вербовка) шуда,  ҳаракату амалиётҳои носолим намуда истодаанд, ин дар  мақолаи мазкур  қайд шудааст, ки 18 феврал сардори Саридораи амнияти миллии Афғонистон зимни як нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои конфронси минтақавӣ дар мавзӯи мубориза бо терроризм, ки дар Кобул доир карда шуд, изҳор намуд,  дар «он сӯи Ому», «аз 6 то 10 ҳазор ҷангиёни Ҳаракати исломии  Ӯзбекистон, ҳаракати «Ансоруллоҳ»,  «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ», «Ҳизби наҳзати исломӣ» ҳузур доранд» ва «Ҷангиёни наҳзати исломи Тоҷикистон дар Афғонистон фаъоланд ва ҳадафашон ноамн кардани кишварҳои Осиёи Марказӣ аст». Ин ҳаракату амалиётҳои онҳо бенатиҷа мебошад, чаро ки Тоҷикистон ҳамчун давлати демократии соҳибистиқлол пазируфта шудааст.

Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ қайд кардаанд,  ки мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем. Аммо  Кабирӣ имон ва муқаддасот надорад ва ӯ ба насли оянда чӣ мегузашта бошад ё  насли наврас дар бораи ӯ чӣ мегуфта бошад, чаро ки  ӯ як мақсад дорад – ҷоҳу ҷалол,  пайваста дурӯғ мегӯяд, инро мо аксаран медонем, ҳарчанд ки дурӯғ торикии  имон аст – ин ҳаррӯза ғизои Кабирӣ ва пайравони ӯ мебошад.

Ман, ҳамчун устоди донишгоҳ  даъват менамоям, аз амалиётҳое, ки  дар хориҷи кишвар рух дода истодааст, изҳори норозигӣ баён намуда, онҳоро маҳкум менамоям ва шогирдони худро дар руҳи ватандўстӣ ва худогоҳӣ тарбия менамоям. Онҳо дар оянда шахсони комил шуда, ба чунин гурўҳҳо ва дурўғгўён, дурӯягону беватанон шомил нашаванд. Лаънат ба чунин шахсон, ки ба Ватани худ хиёнат мекунад.

Атоева М.М. – н.и.ф., дотсенти

кафедраи забони русӣ ДДҲБСТ

You might also like