Раддияи дурӯғини Паймони миллӣ
Ҳафтаи гузашта телевизиони давлатии Тоҷикистон, аслитарин шабакаи кишвар “филм”-еро, ки боз як мояи ифтихори синамои тоҷик ва умуман давлати Тоҷикистон аст ба намоиш гузошт. Ин филм бо тамоми маҳорати санъаткории синамогарони тоҷик омода гардидааст. Гарчанде ки сифати мувофиқи талаботи “Голливуд” нест, ба ҳар ҳол филми хуб аст. Яъне синамои тоҷик тараққӣ карда истодааст. Аҳсант ба синамогарони тоҷик!
Ин “филми ҳуҷҷатӣ”, ки “Бешарафӣ” ном дораду қисми ҳафтуми силсилафилми “Хиёнат” гуфта мешавад, далели бо нангу номус ба шаъну шараф будани синамогарони тоҷик аст. Ин “филм” тибқи иттилоъи манобеъи Паём бо дастури Дастгоҳи раёсати ҷумҳурӣ, кӯмаки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва аз ҷониби муассисаи давлатии Тоҷикфилм наворбардорӣ шудааст. Ин филмро бо масъулияти том хуб арзёбӣ кардан мумкин аст.
Ростқавлии Ҳукумати Тоҷикистон аз аввалин дақиқаҳои ин филм ҳатто барои ғайримутахассисон аён аст, аз ҷумла ба онҳое, ки аз стандартҳои филмсозӣ, бахусус филми ҳуҷҷатӣ огоҳанд. Филме, ки бо усули филмсозии солҳои муосир, бо маҳорати хуби касбӣ сохта шудааст.
Дар филми мазкур Муҳаммадиқболи Садриддин қаллоб муаррифӣ карда шуд, ва ин ҳақиқати барои наҳзатиён талх аст, ки намехоҳанд онро гӯш кунанд.
Яке аз намояндагони Паймони миллӣ Муҳаммаиқболи Садриддинро босавод гуфта, Пешвои муаззами миллатамонро, ки саводи он кас ҷило медиҳад бесавод номид. Мебоист қабл аз задани ин иттиҳом бар нафаре, ки осори гаронбаҳое ба монанди “Тоҷикон дар оинаи таърих”-ро навиштааст, боре гиребони худашон, аниқтараш гиребони наҳзатиҳои худашонро мебӯиданд.
Пешвои хирадманди миллатамон Эмомалӣ Раҳмон шахси боистеъдод, бо таҷирибаву малака, босавод ва ғамхори давлату ҳукумати худ мебошанд. Вақте, ки ӯ савганд ёд мекунад аз суханҳои боэътимоди ин шахс аз чашмони мардум ашки шодӣ мерезад.
Бо каме диққат ва кор болои ин “филм”-и маҳбуби халқи тоҷик чунин хулосбарорӣ кардан мумкин аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо овардани далелҳои амиқу дақиқ филми боҳашаматро офариданд. Бо нашри ин филми ҳуҷҷатӣ ҳукумати Тоҷикистон бори дигар собит кард, ки салоҳияти баланди роҳбарӣ ба мардумро дорад ва барои некӯаҳволии мардум саъю кӯшиш менамояд.
Рауфов М.М. – ассистенти кафедраи назария
ва таърихи давлат ва ҳуқуқи ДДҲБСТ