Ҳукми одилона нисбати парвандаи ҷиноятӣ
Қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи манъ кардани фаъолияти ТЭТ ҲНИ ва ҳамчун ташкилоти террористӣ – экстремистӣ шинохтани ин қонунӣ будани қарорро нишон дода, ягон шубҳа гузошта намешавад.
Аз тарафи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани қарор асоси ҳуқуқӣ дошта, дар доираи як иқдоми сиёсӣ сурат гирифтааст, ки ин гувоҳӣ медиҳад аз соли 2015. Зеро Кабирӣ дар соли фаъолияташ нафарони зиёдеро ба аъзогии ТЭТ ҲНИ вобаста намуда буд, ки онҳо ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнинро содир намуда, нисбат ба кирдорҳои ғайриқонуниашон бо моддаҳои КҶ ҶТ бандубаст карда шудаанд, ки ягон шубҳа нест ва бинобар даст доштан дар ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Мисол, ки воқеиятро нишон медиҳад ва далели раднашаванда мебошад, ин – дар рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ муайян гардидани куштори 25 нафар хизматчии ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар водии Рашт (соли 2010); шомил намудани раисони бахшҳои ТЭТ ҲНИ дар ҳудуди давлат фаъолият карда ва бо силоҳҳои оташфишон таъмин кардани онҳо; таъсис додани гуруҳҳои ҷиноятӣ ва бо нақшаҳои тарҳрезишуда ҳуҷум кардани онҳо ба иншоотҳои махсусан муҳими давлатӣ; барангехтани кинаю адовати сиёсӣ ва динӣ; халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ ки ба намояндагони ҳокимият муқобилияти мусаллаҳона нишон додаанд, ки дар парвандаи ҷиноятӣ тасдиқи худро ёфтаанд.
Маҳз ҳангоми гузаронидани тафтиши пешакӣ ва баррасии парвандаи ҷиноятӣ муайян гардид, ки ин бо роҳбарияти ТЭТ ҲНИ раҳномоӣ шудааст.
Мутобиқи моддаи 72 КМҶ ҶТ далелҳо оид ба парвандаи ҷиноятӣ маълумоти воқеие ба шумор мераванд, ки дар асоси онҳо суд, прокурор, муфаттиш, таҳқиқбаранда бо тартиби муайяннамудаи КМҶ ҶТ мавҷуд будан ё набудани кирдори барои ҷамъият хавфнок, исбот гардидан ё нагардидани ҳолатро оид ба парвандаи ҷиноятӣ ва ҳолати дигари барои ҳалли дурусти парванда аҳамиятдоштаро муқаррар мекунанд.
Асосҳо барои шинохтани ТЭТ ҲНИ ҳамчун ташкилоти террористӣ – экстремистӣ бешумор буда, далелҳо бисёранд. Боз мисоли дигар дар рафти тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ доир ба ҳодисаҳои шаби 3 ба 4-уми сентябри соли 2015, дастаи ҷинояткори Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода тибқи нақшаи ҷиноятии таҳияшуда, даст ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, кӯшиши табаддулоти давлатӣ заданд. Инчунин дар якҷоягӣ ва бо маслиҳати пешакӣ бо Назарзода Ҳоҷӣ Ҳалим бо гурӯҳи ҳаммаслакони ҷиноятии худ, ба бинои маъмурии Вазорати мудофиа ва қисми ҳарбии №17651 ғайриқонунӣ ворид шуда, аз иншоотҳои зикршуда тасарруф намудани силоҳҳои оташфишон, сару либоси ҳарбӣ ва лавозимотҳои ҷангӣ барои мусаллаҳ гардонидани аъзои иттиҳодияи ҷиноятӣ; ба гаравгон гирифтани муовини вазири мудофиа ва командири қисми ҳарбии № 08050-и; таъмин кардани зиёда 150 нафар аъзоёни иттиҳодияи ҷиноятӣ бо силоҳҳои оташфишон; ғайриқонунӣ ба қисмҳои ҳарбии 08050 ва 17651-и Вазорати мудофиа ворид гаштан бо роҳи зӯроварӣ ва гирифтани силоҳҳои оташфишон.
Маҳз баъд аз қабули санади судии Суди Олӣ (29 сентябри соли 2015), дар таърихи 29-уми январи соли 2016 Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай, дар мувофиқат бо Феҳристи ягонаи созмонҳои террористӣ, экстремистӣ ва ҷудоихоҳ, ки фаъолияташон дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ аст, ҲНИ-ро таҳти рақами 79 ба рӯйхати ташкилотҳои террористӣ ворид намуд. Яъне, 8 кишвари бузурги ҷаҳон бо қаламрави умумии 3,4 млн. км2 ва беш аз 4,4 млрд. аҳолӣ, ташкилоти террористӣ будани ҲНИ-ро эътироф карданд. 8-уми июни соли 2016 бошад, дар ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯроҳои амнияти давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Арманистон дар шаҳри Ереван баргузор гардид, рӯйхати ташкилотҳоеро, ки дар кишварҳои узви СААД террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, мувофиқа намуда, ҲНИ-ро дар қатори чунин созмонҳои террористии байналмилалӣ, ба монанди «Ал-Қоида», «ДИИШ», «Ихвон-ул муслимин», «Ансоруллоҳ» ва ғайра, таҳти №65 ба он ворид намуд, ки ба ҳамагон аён аст.
Албатта эътироф гардидан ё ин ки баровардани ҳукми ғоибонаи М. Кабирӣ ҳамчун роҳбари мухолифони табъидии тоҷик асос бо сархати 4 моддаи 280 КМҶ ҶТ мебошад, ки дар ҳолатҳои истисноӣ суд метавонад парвандаро оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин бе иштироки судшавандае, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, аз ҳозиршавӣ ба муҳокимаи судӣ саркашӣ мекунад, баррасӣ намояд, агар ин шахс дар ҳудуди давлати хориҷӣ бо ҳамин ҷиноят ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида нашуда бошад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1333), баррассӣ ва ҳал намояд оварда шудааст, ки асоси гуфтаҳои болост.
Кабирзода Г. – сармуаллимаи кафедраи ҳуқуқи
судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ