Аз шахсони разил канораҷӯӣ намоем
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, ироа намуданд, ки баъзе аз ашхосон сомонаҳои интернетро ҳамчун майдони асосии тӯҳмат қарор додаанд. Аз ин рӯ мебояд аз чунин ашхос канораҷӯӣ намоем.
Яке аз чунин чеҳраи дасисабоз Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки бо ҳар восита зидди сиёсати давлату ҳукумати кишвар гузоришҳову, хабарҳо, мақолаҳо, ки ягон ҳақиқат надоранд паҳн мекунанд.
Аммо аз сарчашмаҳо бармеояд, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ғуломи хоҷагони хориҷӣ гаштааст ва ӯро касе чӣ хел хоҳад истифода мекунад. Нисбати чунин ашхос танҳо нафрати шахс меояд, ки як тан шаҳрванди Тоҷикистон аз беруни кишвар истода чунин рафторҳои ношоиста ва ҳатто ғайриимкониро ба халқи худ раво мебахшад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, ки дар остонаи таҷлили 30- солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон қарор дорад, ҳеҷ гоҳ ба чунин ашхос бовар намекунад.
Мо ҷавонон набояд ба суханони авом фиребонаи ӯ бовар намоем ва аз ин қабил чеҳраи хунину разил канораҷӯи намоем.
Чӣ хеле, ки гузаштагон нисбати чунин ашхос гуфтаанд:
Воизон, ки ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,
Ҷои дигар мераванду худ кори дигар мекунанд.
Муҳаммадиқболи Садриддин бояд пеш аз он, ки сухан гӯяд аз гузаштаи худ бохабар бошад. Муҳаммадиқболи Садриддин хуб мешуд пеш аз он, ки сухан кунад ба гузаштаи шахсони худ назар андозад ва ба ёд орад, ки дар Афғонистон ба кадом корҳои нафратовар машғул буд ва аз он тамоми аҳолии бономуси Тоҷикистон бохабар ҳастанд ва ҳеҷ гоҳ ба суханҳои иғвогаронаи ин беномус фирефта намешаванд.
Муҳиддинов М. – н.и.б., дотсенти
кафедраи маркетинг-агробизнеси ДДҲБСТ