Семинари таълимӣ-методӣ баҳри баланд бардоштани сифати таълим

Бо ибтикори кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ санаи 3-юми марти соли ҷорӣ дар факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ (дипломатия) семинари таълимӣ-методӣ таҳти унвони “Машғулиятҳои аудиторӣ-лексионӣ дар мактабҳои олӣ” доир гардид. Дар кори семинари таълимӣ-методӣ устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд.

Сараввал мудири кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ Шӯҳрат Саидзода семинари таълимӣ-методиро ҳусн оғоз бахшида, оиди мақсаду мӯҳтавои он сухан кард. Сипас мудири Бахши идоракунӣ, мониторинг ва сифати таҳсилоти донишгоҳ муаллима Адолат Абдуллоева, роҳбари Шӯрои таълимӣ-методии факултет Шарофиддин Солиев ва донишҷӯёну устодон перомуни баланд бардоштани сифати таълим дар донишгоҳ, шавқовар гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ ва истифодаи тарзи салоҳиятноки таълим ибрози ақида намуданд.

Зикр бояд намуд, ки соҳаи илму маориф дар мадди назари давлату Ҳукумат қарор дорад. Пешвои муаззами миллат оиди масъалаи таълиму тарбия чунин таъкид намудаанд: “Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз баланд бардорем”. Мақсад аз ташкили семинарҳои таълимӣ-методӣ ин ҳам баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва бедор кардани ҳиссу илмомӯзӣ дар байни донишҷӯён ва муҳассилини донишгоҳ равона гардидааст.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like