Саҳми занону бонувон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ

Тибқи нақша-чорабиниҳои Шӯрои вилоятии ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Саҳми занону бонувон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ” баргузор гардид. Мизи мудаввар ба ифтихори Рӯзи модар баргузор гардида, дар он як қатор занону бонувони фаъоли вилоят-намояндагони МИҲД-и вилояти Суғду шаҳри Хуҷанд, вакилзанон ва роҳбарони ташкилоту идора ва муассисаҳо иштирок ва баромад намуданд.

Муовини ректор оид тарбияи донишгоҳ Мубини Хоҷаева мизи мудавварро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки хушбахтона тайи солҳои охир таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат нисбати занону бонувон бештар гардида, миқдори занони роҳбарикунанда низ сол то сол бештар мегарданд.Ҷавобан ба ин ҳама ғамхориҳо мо-занону бонувонро низ зарур аст дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, дастовардҳои даврони истиқлолият саҳмгузор бошем, илова гардид дар чорабинӣ. Дар идома чанде аз занони фаъоли вилоят перомуни нақши занон дар рушди соҳаҳои мухталиф, ба ҳунаромӯзӣ фаро гирифтани онҳо, баланд бардоштани нақши занон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, зиёд гардидани миқдори грантҳо барои занону бонувон ва амсоли он баромад намуданд.

Қайд шуд, ки даврони соҳибистиқлолӣ дар назди занону духтарон рисолати пурмасъулияти ватандорию ватансозиро пеш гузошт. Ин рисолати муҳими таърихӣ тақозо менамояд, ки онҳо бо тарбияи насли худогоҳу худшинос қарзи фарзандии худро дар назди Ватан содиқона адо намоянд.

Боиси хушнудист, ки дар бунёди ҷомеаи демократии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба маърифати занону духтарон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда мешавад.

Илова гардид, ки занон дар ҷомеаи Тоҷикистон 50 фоизи аҳолиро ташкил карда, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат нақши муассир мебозанд. Айни ҳол дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар занону духтарони соҳибкасбу соҳибмаърифат дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ фаъолияти назаррас дошта, дар корҳои давлатӣ низ сол то сол шумораи онҳо меафзояд.Ҳамзамон, пешгирии ҷудошавии оилаҳо, хушунат ва зӯроварӣ нисбат ба занон дар ин мулоқот баррасӣ шуданд.

Дар охир аз ҷониби донишҷён барномаи фарҳангӣ, иборат аз шеъру сурудҳои дилнишин дар васфи зан-модар пешкаши иштирокчиёни мизи мудаввар гардид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like