Ифтитоҳи “Гӯшаи рушди ҷавонон”и назди Парки технолгогии ДДҲБСТ

Дар Парки технологии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон “Гӯшаи рушди ҷавонон” ифтитоҳ гардид. Ин марказ бо иштироки шарики татбиқи ташкилоти ҷамъиятии “АЗИТ” ва маблағгузории Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд.

Дар чорабинии ифтитоҳӣ намояндагони роҳбарияти донишгоҳ – муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ,  профессор, Даврон Бобоҷонов, мушовири ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ  Абдураҳим Ҷӯраев, менеҷери маркази маҳаллӣ ва ташаббуси инноватсионии БРСММ дар Хуҷанд Ҷамила Мирсаидова, директори Парки технологии ДДҲБСТ Абдураҳмон Маҳмудов, ҳамоҳангсози лоиҳа Сурайё Саидова инчунин, аъзои лабораторияи инноватсионии Парки технологӣ иштирок намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки қарори кушодани ин марказ дар ДДҲБСТ ба 75-умин солгарди СММ бахшида шуда, дар асоси озмун қабул гардид, ки дар он номзадии чандин донишгоҳҳои шаҳри Хуҷанд баррасӣ гардида буд. Ин пирӯзӣ  туфайли кори бомуваффақияти раҳбарияти донишгоҳ ва фаъолияти  назарраси озмоишгоҳи инноватсионии Парки технологии  ДДҲБСТ ба даст оварда шудааст.

Чунин маросими ифтитоҳӣ,  ибтидои лоиҳаҳо ва чорабиниҳои мухталиф барои рушди бештари ҷавонону наврасон хоҳад буд.

Дар назар аст, ки дар “Гӯшаи рушди ҷавонон” минбаъд маълумот оид ба фаъолияти СММ ва семинару машваратҳои омӯзишии ройгон ба наврасону ҷавонон гузаронида мешавад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like