Филми «Бешарафӣ» ва иқрори “Кабӯтари сафед”

Моҳи ҷорӣ тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ қисми 7-уми филми ҳуҷҷатии “Хиёнат”-ро, ки бо номи “Бешарафӣ” омода гардида буд, ба намоиш гузошта шуд. Дар ҳақиқат филми мазкур аз розу ниёзи яке аз таблиғгарони наҳзатӣ ва муриди домулло Кабирӣ, масъули сомонаи иттилоотӣ “Ислоҳ.нет” Муҳаммадиқболи Садриддин сухан кард. Қаҳрамони филм маҳз ҳамин “ғуломи ҳалқа баргӯшӣ” наҳзатӣ буд.

Аммо баъди пахш гардидани филми “Бешарафӣ” қаҳрамони филми мо Муҳаммадиқболи Садриддин мулаққаб бо номи “Кабӯтари сафед” дар сомонаи худ як маводеро таҳти номи “Филми Бешарафӣ”  ва иқрори беномусии “дузди зўр” чоп намуда, ҳамаи он факту далелҳои рад намуда, худро кабутари сафед ҳисобид.

Аз ҷумла дар маводи  ӯ  бо номи “Филми Бешарафӣ”  ва иқрори беномусии “дузди зўр” омадааст, ки гӯё  “Ҳафтаи гузашта телевизиони давлатии Тоҷикистон, аслитарин шабакаи кишвар “филм”-еро, ки созандагонаш ва худи Шабакии аввал онро “ҳуҷҷатӣ” номидаанд, ба намоиш гузошт. Филме, ки доғи нанги дигаре ба пешонии ҳукумати кишвар, аслан тамоми миллат зад ва чеҳраи аслии тарроҳону муаллифон ва созандагони онро нишон дод. Онҳое, ки то ин дам мардони тоҷикро ба ҷаҳон террористу занонашро фоҳиша муаррифӣ мекарданд, акнун мехоҳанд аз мардони миллат ливотиву гей созанд.

5 рӯз сабр кардам, то оташи ғазабу эҳсосот фурӯ нишинад, то ҳарфи баде нагуфта бошам, аммо баробари шурӯъ кардан аз аввалин ҷумла бароям маълум шуд, ки бидуни ғазабу эҳсосот ва дашному лаън ба ин хоинон, ки миллати сарбаланду ғаюреро ба ҳақиру шикаста ва мавзӯъи латифаҳои дигарон табдил доданд, намешавад посух гуфт”.

Муаллифи маводи  мазкур  Муҳаммадиқболи Садриддин бо ин ва дигар гуфтаҳои худ тамоми маводи дар ин филми ҳуҷҷатӣ пахшгардидаро ба куллӣ зери шубҳа гузошта худаш ва мардумро гумроҳ карданӣ аст.  Асосан,  мо ба факту далелҳои филми мазкур боварӣ дорем. Аммо мақсади Муҳаммадиқболи Садриддин дар фазои ороми мамлакатамон барангехтани иғво, кинаву адоват байни мардуми Тоҷикистон ва дар маҷмўъ барои ҷанги таҳмилӣ-шаҳрвандӣ замина гузоштан аст.

Барои ин қабил муаллифон фазои сулҳу субот, ваҳдат, оромӣ, созандагӣ, пешравиҳо дар соҳаҳои мухталифи ҷомеаи Тоҷикистони муосир, маъқул нест, чунки маҳз онҳо ташнаи ҷанг  ҳастанд. Чун бо ин роҳ ба ҳадафҳои аслии сиёсии худ, созмони ҷомеа ва давлати бо ном исломӣ дар Тоҷикистон таъсис додан ва дар ин замина ҳукмронӣ кардан аст.

Бинобар ҳамин онҳо бо ҳар роҳу восита сулҳу ваҳдати дар Тоҷикистон пойдор ва устувор гаштаро бо таъсиррасонӣ ба мафкураи мардум халалдор ва вайрон карданӣ ҳастанд.       Мо бе ягон шубҳа мутмаинем, ки дар филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” воқеият инъикос шудааст. Кабӯтари сафед зери зулми Кабирӣ ва қумондонҳои афғон ба ҳама кор даст задааст.

  Пўлотов К.И. – сармуаллими кафедраи

ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика

 ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like