Ҳамкориҳои донишгоҳ густариш меёбад
Ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикостон бо корхонаву ташкилотҳои мухталиф густариш меёбад. Дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ барои донишҷӯён имкониятҳои таҷрибаомӯзиву азхуднамоии илмҳои муосир тариқи ба роҳ мондани семинару тренингҳо зиёд мегарданд.
Имрӯз менеҷери лоиҳавии ташкилоти ҷамъиятии “Алиф” Дмитрий Сон бо ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода мулоқоти судманд анҷом дод. Дар доираи шартномаҳои ҳамкорӣ барои донишҷӯён ташкили дарсҳои омӯзишӣ дар шароити муосири илмомӯзӣ тариқи васоити техникаи муосирӣ таълимӣ ба роҳ монда мешавад. То ба имрӯз бо ташаббуси Парки технологии донишгоҳ аз ҷониби мутахассисони ширкати “Алиф”ба духтарони синни то 18 сола забони барномасозӣ омӯзонида шуд. Дар доираи ҳамкориҳо давоми 3 моҳ 15 нафар барои омӯзиши машғулиятхо ҷалб гардиданд.
Зимни мулоқот роҳбарон аз натиҷаи ҳамкориҳо истиқбол намуда, изҳори умедворӣ карданд, ки минбаъд низ дар доираи шартномаҳо ҳамкориҳо густариш дода мешавад.



