Паёми Сарвари давлат таҳкимбахши рушди минбаъдаи кишвар
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки раҳнамои рушди соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад, тамоми кормандон ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дастаҷамъона тамошо карданд. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро муайян намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Паёми Пешвои миллатро аҳли кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар маҷлисгоҳҳо донишгоҳ, маҷлисгоҳҳои факултетҳо, маркази тестии донишгоҳ, синфхонаҳои алоҳида бо ихлосу хоҳиши зиёд ва таваҷҷӯҳи хоса тамошо намуданд. Сарвари давлат , Пешвои миллат зимни ироаи паём қайд намуданд, ки Соли 2020 бо рӯйдодҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихӣ буд.
Президенти мамлакат иброз карданд, ки ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, яъне соҳаҳои илму маориф ва тандурустӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Зимни Паём иброз гардид, ки дар ин ҷода муассисаҳои типи нави замони истиқлол – мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳо пешсаф буда, ҳар сол беш аз 97 фоизи хатмкунандагони ин муассисаҳо сазовори номи донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва хориҷ аз он мегарданд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд.Дар паёми имсола ҷиҳати таҷҳизонидани кабинетҳои фанҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ тадбирҳои фаврӣ андешида шавад. Ҳамчунин, ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» роҳандозӣ карда шавад, таъкид карданд Сарвари давлат.
Ҳадаф аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани забон, таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва рушди илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад.
Ҳамзамон, ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ва равона намудани корҳои илмиву таҳқиқотӣ ба рушди иқтисоди миллии кишвар таъкид гардид.
Зимни тамошои дастаҷамъона устодону донишҷӯёни донишгоҳ изҳор намуданд, ки Паём ин раҳнамоест, ки бояд ҳар нафар онро сармашқи фаъолияти худ қарор диҳад. Ҳамчунин, кормандон ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ афзуданд, ки Паёми Пешвои миллат минбаъд аз ҷониби мо ба таври зарурӣ омӯхта шуда, дар амалинамоии дастуру супоришҳои таъкидгардида, кӯшиш хохем кард.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа


























