Хиёнаткорони замон

Дар сомонаи “Ислоҳ.нет” мақолаҳои иғвоангез мавриди чоп қарор мегирад. Аксари маводҳо пур аз ғаразу кина нисбати сиёсати давлату ҳукумат ба шумор меравад. Мақолае таҳти унвони “Бо Раҳмон ё бо Кабирӣ?” аз зумраи онҳост. Ба назари ман ин суол дуруст  матраҳ нашудааст. Ин муқоиса чандон саҳеҳ нест. Президенти аз тарафи  халқ интихоб шударо бо роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон фаълияташ мамнўъ гашта, якчанд ҷиноятҳои вазнин содир кардаасту аз ҷавобгарӣ тарсида ба хориҷа фирор намудааст муқоиса кардан  нодуруст мебошад. Ҷавоб ба ин суол мураккаб нест.  Зеро барои миллати тоҷик ва кулли тоҷикистониён Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллат ва роҳбари давлат қабул шудааст. Кабирӣ бошад як хоин ва мунофиқ.

Муҳиддин Кабирӣ чӣ? Вай замоне вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда буд, вале ҳамчун вакил  кори назаррасе накард, аз ин рў дар интихоботи 2015  дигар нафақат Кабирӣ, балки ҳизбаш овоз гирифта натавонист. Ягон нафаре вакил нашуд. Сабабаш возеҳу равшан аст. Ҳизб мавқею обрўяшро аз даст дод.

Эмомалӣ Раҳмон бори аввал моҳи ноябри соли 1994  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Пеш аз ҳама ў оташи ҷангро хомўш кард, ба Тоҷикистон сулҳ овард, гурезаҳоро аз хориҷа баргардонд. Бо мухолифин гуфтушунид намуда, моҳи июни соли 1997 ба созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гузошт. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хотима ёфт ва мардум ба фаъолияти осоишта машғул гашт.

Ба мухолифини тоҷик мувофиқи талабаш 30 фоиз мансаб доданд ва дере нагузашта маълум шуд, ки ҳамаи ин ҷангу ҷадал барои ишғоли вазифа ва мансаб будааст. Як гурўҳ бемансабон риёкориашонро давом доданд, якдигаркушӣ оғоз ёфт. Муовини аввали вазири ВКД-и ҷумҳурӣ Ҳабиб Сангинов, журналисти шинохтаи тоҷик Отахон Латифӣ, раиси ноҳияи Пролетар (ҳоло Ҷаббор Расулов)  ва чанд нафари дигарро парронданд. Вақти тафтиши ин парвандаҳои ҷиноятӣ маълум шуд, ки роҳбарони мухолифин ба ин кушторҳо ҳисса доштанд.

Ҳамчунин воқеаҳои солҳои охир рўйдода шаҳодати онро доштанд, ки раиси ҳамонвақтаи ҳизби наҳзат Муҳиддин Кабирӣ дар хориҷи мамлакат истода ба ин нооромиҳо роҳбарӣ мекардааст. Яке аз ҳаммаслакони вай генерал Назарзода таҳти роҳбарии Кабирӣ хостааст дар Тоҷикистон  табаддулот кунад. Ҳангоми тафтиши ин қазия маълум шуд, ки  ошўбгарон аз хориҷа пул, яроқи ҷангӣ мегирифтаанд. Онҳо ин силоҳҳоро алайҳи халқи худ истифода бурданд ва чандин куштору сўхторро ба амал оварданд.

Инсоф кунед наҳзатиён, магар куштору  сўхторҳои солҳои навадум дар Тоҷикистон ба вуқўъ омадаро мардум фаромўш кардааст?

Он кирдори нангинро, ки дар ҳаммоми хоҷагии     «Туркманистон» – и  ноҳияи Вахш, собиқ вилояти Қўрғонтеппа рух додаро шунидаед?  Кӣ ба даҳони ҳамдиёри худ муми тафсон рехтааст? Кӣ аз батни модар кўдакро гирифта куштааст? Кӣ одами зиндаро пўст кандааст? Ба ҳамаи ин амалиётҳо мухолифин роҳбарӣ мекарданд ва кирдори худро ҳақ меҳисобиданд.

Абдуллоева М.Ғ. – сармуаллимаи

кафедраи иқтисоди ҷаҳонии ДДҲБСТ

You might also like