Муқоисаи хандаовари наҳзат бо ҳукумати мамлакат

Мақолаи навбатие, ки аз ҷониби аъзоёни фаъоли Ҳизби экстремистӣ-террористии наҳзати ислом дар саҳифаҳои иҷтимоӣ навишта шудааст ва дар он ин гурўҳи мазкур фаъолияти худро бо фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон муқоиса намуда мардумро боз ба гумроҳи мебарад, ҳар як фарди Тоҷикистонро ба андеша мебарад ва чунин суханони устоди зиндаёд шодравон Лоиқ Шералиро ба хотир меорад:

Фаромўш кардӣ суди миллати хеш,

Баровардӣ ту дуди миллати хеш.

Ба табли дигарон арғушт рафтӣ,

Нахондӣ як суруди миллати хеш.

Ин тоифа гурўҳҳои манфиатҷў дар хориҷи кишвар ба ғайр аз тўҳмат кардан, ғайбат намудан, аз ҳисоби дигарон зиндагӣ ба сар бурдан, чизи дигаре карда ҳам наметавонанд.

Супоришҳо аз давлатҳои дигар, гурўҳҳои манфиатхоҳ, ки оромӣ, осудагӣ, сулҳу субот, пешравӣ ва ояндаи босуботи Тоҷикистони азизро намехоҳанд ба ин иҷрокунандагони беватану Худобехабар дода мешавад. Ин аъзоёни фаъоли гурўҳи террористӣ – экстремистӣ кори иғвоангезӣ, бадномкунии Ҳукумати қонунӣ ба гумроҳиву нобоварӣ бурдани мардумро бо фаъолияти созанда, пурсамар, ояндадор, ба некӯаҳволии мардум нигаронидашуда, дурбинона, ятимпарваронаи Ҳукумати кишвар муқоиса намуда боз бори дигар собит карда истодаанд, ки инҳо иҷрокунандагони нақшаҳои гурўҳҳо ва ашхоси манфиатҷўӣ хориҷӣ мебошанд. Барои давлати хеш, миллати хеш ва ҳатто хешу ақрабои хеш ягон амали солеҳро ба иҷро расонида наметавонанд.

Саволе ба вуҷуд меояд, ки агар ин афроду ин гурўҳу ин гуё ватанхоҳон, миллатдӯстдорон чаро ягон маротиба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаҳои гуногун дар мақолаву баромадҳои худ нишон намедиҳанд, барои пешрафти босуръати он  таклифу пешниҳодҳои худро (агар онҳо бошанд) иброз намедоранд. Барои чи дар вақтҳои аъзои Ҳукумат будашон, яъне ҳангоме ки 30% мансабҳои давлатӣ барои иҷрои бандҳои алоҳидаи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба онҳо дода шуда буд, замоне дар Маҷлиси намояндагон ҳамчун вакили мардум кору фаъолият мебурданд худро аз ҷиҳати мусбӣ ба манфиати халқ нишон надоданд, муқоиса накарданд.

Аз амалу рафторашон ҳоло низ маълум аст, ки аз ниятҳои нопоки худ нагаштаанд ва кӯшиш ба харҷ медиҳанд бо ҳар роҳ, ки бошад вазъи Тоҷикистонро ноором созанд, мардумро ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат  муқобил гузоранд.

Як нуктаро бо боварӣ иброз медорам, ки чи қадар гурўҳҳои террористӣ-экстремистӣ овоз баланд накунанд, мақолаҳо нашр насозанд, тариқи шабакаҳои гуногуни иҷтимоӣ худро намоиш надиҳанд ҳам онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар тарафдор надоранд, мақсаду ниятҳои нопокашонба намерасанд танҳо барои вақти худро бесамар гузарондан, объекти хандаи мардум шудан менависанд, баромад мекунанд ва намоиш медиҳанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон минбаъд ҳар як сухан, ҳарф ва баромадро хуб таҳлил менамояд, баҳо медиҳад ва ба асли воқеият муқоиса мекунад баъд қабул месозад. Аз ин ҷост ки солҳои охир вазъияти сиёсӣ ором, фазои эъҷодӣ муҳайё ва шароити зиндагӣ хубтару беҳтар гардида истодааст.

Қобилов Б.Қ.н.и.ҳ., муаллими калони кафедраи

ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва

пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like