Фаъолияти душманон ба сифр баробар аст

Ман ҳамчун як тан шаҳрванд ва дӯстдорӣ ватани маҳбубамон бо суханҳои Рустам Азизӣ муовини Директори маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, диншинос ва таҳлилгари тоҷик, ки фаъолияти душманонро  дар соли ҷорӣ ба сифр баробар кардааст, пурра розӣ ҳастам ва бояд қайд кунам, ки эътирози Бобоҷон Қаюмов ҳамчун сухангӯи ТЭТ ҲНИ пурра ғалат буда, ягон асосӣ ҳақиқӣ надорад.

Масъалан, худ қазоват кунед, Бобоҷон Қаюмов менависад “… муқоисаи ҳукумат бо мухолифон иштибоҳи бузург аст”. Мухолифон киҳо ҳастанд? Онҳо душмани ватанамон ҳастанд ва вазифаи ҳукумату, давлату халқ бо онҳо мубориза бурдан аст.  Боз ӯ менависад “… мухолифин на буҷа доранд, на корманд доранд, на маош мегиранд, на барои маош менависанду мегуянд ва на барои маош мухолифат мекунанд”, охир ин дурӯғи маҳз аст, зеро мо медонем, чӣ қадар маблағ барои ҷанги иттилоотиашон онҳо аз хоҷагони хориҷиашон мегиранд.

Ин аз сад доллари ИМА сар карда то ҳазорҳо доллару эвро мегифтани онҳо барои як иттилоот мебошад. Лекин онҳо фикр мекунанд, ки давлату мардум аз ин бехабар ҳастанд.  Боз менависад, ки “дар аввали пайдоиши коронавирус, ҳукумат онро инкор мекард ва мегуфт дар кишвар вуҷуд надорад”. Ин чорабинӣ барои ба ваҳму воҳима нафаромадани мардум буда, пешгирӣ аз ҳама ҳолатҳои нохуши беасос буд, аммо душманон ба манфиати худ онро раво диданд. Дигараш, “СММ аз Тоҷикистон хост то Зайд Саид, Маҳмадали Ҳайит, Маҳмадрузӣ Искандаров, Бузургмеҳр Ёров ва чандин нафари дигарро озод кунад ва хисорати воридкарда ба онҳоро ҳам ҷуброн кунад”.  Акнун мо мепурсем, СММ оё гуноҳу кирдорҳои ғайриқонунии ин шахсҳоро, ки бар зидди давлату ҳукумат кардаанд ба эътибор намегирад? Зеро гуноҳи онҳоро Суд тасдиқ кардааст ва ба он бояд ҷавоб диҳанд.

Созмони Freedom House қароргоҳаш дар Амрико гӯё Тоҷикистонро дар миёни 49 давлати “ноозод” ва дар қатори даҳ кишвари “бадтарини бадтаринҳо” ҷой додааст. Саволи дигаре ба миён меояд, аз рӯи кадом ниҳондиҳанда ва усул  чунин омор ба миён омадааст? Кадом ташкилоти “илмии ҷаҳонӣ” онро эътироф кардааст, ки чунин оморҳоро пешниҳод мекунанд, зеро давлати мо мисли дигар давлатҳо Конститусияи худро дорад, ки ҳаққу ҳуқуқи ҳар як шаҳрвандро эътироф ва ҳифз менамояд.

Аз ин лиҳоз чи хеле, ки дар боло қайд кардем мо хулосаҳои  Рустам Азизиро сад дар сад дастгирӣ менамоем ва тарафдори сулҳу салоҳ дар кишварем.

Абдуллоев М.М. – сармуаллими

кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

You might also like