Бӯи палиди наҳзат

Аз нигоҳи қонунҳои илми равоншиносӣ, мухолифин акнун ба ҳолати деградатсия ё фурӯпошии маънавӣ ва рӯҳӣ расида, системаи арзишҳояшон пурра пош хӯрдааст. Маҷмӯи рафтору гуфтори онҳо дигар ба ягон дин, эътиқод ё арзиш дуруст намеояд. Зеро рафтори онҳоро акнун на қувваи ақлу мантиқ, балки эҳсоси нафрату бадбинӣ нисбати давлату миллат, нафрат нисбати ҳар шаҳрванди озоди Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад.

Дар андешаҳои Бобоҷон Қаюмов, сухангӯи ТЭТ ҲНИ ҳамин гуна ҳолат дида мешавад. Бояд бо ифтихор гуфт, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои созандаи кишварро аҳли сайёра дастгирӣ менамояд, зеро онҳо ба манфиати аҳли башар равона карда мешаванд. Дар кишвар фазои озоди демокративу ҳуқуқи ҳукмфармост, ки ба ин низом ҷаҳониён баҳои воқеӣ ва созандаи худро гуфтанд. Чуноне, ки медонем дар соли 2020 дар кишвари маҳбуби мо чорабиниҳои бонуфузи сиёсиву фарҳангӣ зиёд баргузор гардиданд, ки ба он намояндагони аҳзоби сиёсии кишвар, намояндагон аз хориҷи мамлакат бисёр баҳои сазовор доданд.

Дар ин раванд андешаҳои пучи  Бобоҷон Қаюмов ягон маъниву мантиқ надоранд. Созмонҳои бонуфузи ҷаҳони рушди бонизоми иқтисодиёти миллии Тоҷикистонро хуб арзёбӣ мекунанд ва Тоҷикистонро ба қатори давлатҳои ислоҳотгар шомил кардаанд, ки ин обрӯву мартабаи кишварро баланд арзёбӣ менамояд.

Роҷеъ ба ашхосе, ки қонуншиканӣ мекунанд албатта  ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ва ибрози андеша Бобоҷон Қаюмов дар ин ҷода низ маънӣ надорад.

Тоҷикистон дар арафаи ҷашнгирии 30-солагии истиқлолияти миллӣ қарор дорад ва дар давоми ин солҳо кишвари маҳбуб аз бисёр имтиҳонҳо бо сарбаландӣ гузаштааст. Ин аст, ки имрӯз пойтахти кишвар шаҳри Душанбе маркази баргузории бисёр ҳамоишҳои илмиву фарҳангӣ ва сиёсии ҷаҳони муосир гардидааст. Раёсатии кишвар дар СААД, СҲШ, эълон гардидани пойтахти мо – шаҳри Душанбе маркази фарҳангии давлатҳои аъзои ИДМ музаффариятҳои кишвар ва обрӯву эътиборро дар шароити муосир хеле баланд менамоянд. Ҷабҳаҳои бунёдкориву созандагӣ дар  ҳамаи самтҳо бо маром пеш рафта истодаанд ва ин дастовардҳоро нодида гирифтан бемаънигист.

Ба Бобоҷон Қаюмов ва ҳамаслакони наҳзатии ӯ мегӯем, ки ҳарзагӯӣ накунанд , зеро  гуфтаҳои ӯ нопок бемаънӣ ва пуч мебошанд. Имрӯз барои пешрафти Тоҷикистон тамоми заминаҳо муҳайё гардидаанд ва  мо бо ифтихор мегӯем Тоҷикистон ба пеш!

Олимов Б.Ҳ – н.и.т., дотсент, мудири

кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ

You might also like