Донишҷӯёни ДДҲБСТ ғолиби озмуни «Фаровон 1” шуданд
Чанде пеш бо ташаббуси ҶДММ «Фаровон 1” байни муҳассилини макотиби олии вилоят семинар-тренинг дар мавзӯи “Малака ва лаёқати муосир: Нақши технологияи муосир ва малакаҳои шахсӣ дар ҷаҳони муосир ” ташкилу баргузор гардида, ҳамчунин дар марҳилаи дуюми он чандин чорабиниву озмунҳо байни иштирокчиён роҳандозӣ гардид.
Марҳилаи дуюми он бо ташаббуси Парки технологии ДДҲБСТ ҷараён гирифта, 42 нафар донишҷӯён аз чор донишгоҳи вилоят дар озмун иштирок намуданд. Маросими ҷамъбастии он дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир гардид. Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар озмуни мазкур ҷойҳои намоёнро соҳиб шуданд.
Гуфта мешавад, ки ҳадаф аз ташкили озмуни мазкур дарёфти истеъдодҳои нав ва дастгирии донишҷӯёни лаёқатманд мебошад.
Ба ғолибон сипоснома, сертификат ва туҳфаҳои хотиравии ҶДММ «Фаровон 1” супорида шуд. Дар назар аст, ки минбаъд низ чунин озмунҳо байни донишҷӯён идома ёбад.
Баргузории чунин семинару озмунҳо имконият дод, ки ҳамкории донишгоҳ бо ширкати мазкур густариш ёфта, минбаъд донишҷуён дар ҶДММ «Фаровон 1” ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб гардида, сипас имконияти ба кори доимӣ оғоз намуданро пайдо хоҳанд кард.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




