Андешаҳои пучи Кабирӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон тариқи шабакаи интернетӣ баромад намуда, даъват аз он намудааст, ки гўё инқилоби ваъданамудааш наздик бошад. Бо ин ҳарзагўиҳояш мехоҳад, ки мардумро гумроҳ намуда андешаҳои нохалафонаи худро гузаронад.     

Инчунин онҳоро бовар кунониданӣ, ки инқилоб наздик аст. Бояд тазаккур дод, ки зери мафҳуми инқилоб чиро дар назар дорад ва боз кадом дасисаҳои бардурўғи худро ба ҳаммаслакон ва тарафдоронаш пешниҳод карда истодааст. Кабирӣ дар навбати худ дар боби тақсимоти нерўи барқ ба аҳолии кишвар тариқи лимит сухан карда бошад.

Шахсе, ки ба ҳайси гуреза берун аз хоки Тоҷикистон умр ба сар мебарад чи гуна ҳуқуқ дорад, ки ба масалаҳои барқ ва таъминоти он дахолат намояд. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон ба маслиҳату машваратҳои хоинони миллат эҳтиёҷ надоранд.

Гузашта аз ин Тоҷикистон роҳбари сулҳпарвар, ватандўст, миллатдўст ва банангу номуси худро дорад, ки ин шахсияти бузургро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ мешиносанд ва ба пуррагӣ эътироф менамоянд.

Роҳбари давлат дар Паёмҳояшон эълон дошта буданд, ки яке аз ҳадафҳои давлату Ҳукумати кишвар ин ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ мебошад, ки Тоҷикистон солҳои наздик ба ин ҳадафи хеш мерасад. Мухолифин бояд қазоват намояд, ки соли дуюм аст, ки дар тоҷикистон реҷаи маҳдудият аз байн рафтааст ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба тариқи шабонарўзӣ бо барқ таъмин мебошанд. Раҳбари ПМТ, бояд бидонад, ки Тоҷикистон дар фасли сармо барқро ба кишварҳои дигар содирот наменамояд.

Онҳоро зарур аст, ки мардумро гумроҳ накарда ба корҳои давлатдорӣ дахолат нанамоянд. Давлати Тоҷикистон роҳбари хирадманд дорад, ки тамоми муаммоҳои дар кишвар вуҷуддоштаро мавриди ҳаллу фасл қарор медиҳанд.

Раҳбари мухолифин бояд дар хотир дошта бошад, ки шахсоне, ки ин қадар озодиву ободӣ, сулҳи пойдор, наҷоти давлату миллати тоҷик аз вартаи несту нобудшавӣ ва садҳо ҷонфидоиҳои Пешвои муаззами миллатро мисол оварем ва онҳо бемислу монанд мебошанд нодида мегиранд хоинони ашаддии миллату давлат мебошанд ва нисбаташон ҷазоҳои сахтаринро истифода намудани давлат ба мақсад мувофиқ мебошад.

Мирзоев А.Н. – сармуаллими

кафедраи хадамоти  гумруки ДДҲБСТ

You might also like