Дурӯғи маҳзи Департаменти Амрико

Тоҷикистонро ба рӯйхати 10 кишвари поймолкунандагони озодиҳои динӣ даровардан, мисли кишварҳои Чин, Бирма ва Туркманистон, ки ин дурӯғи маҳз аст. Зеро ҳукумату давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои интихоби динӣ ба ягон нафар монеагӣ дар ягон давра нишон надодааст.

Дар моддаи 26-и  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона  муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд”. Инчунин дар моддаи 30-и Конститутсияи мазкур омадааст, ки “ … таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, диннӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст”.

Дар ин замина гузориши департаменти ИМА оид ба, он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи давлатҳои поймолкунандагони ҳуқуқи озодиҳои мазҳабӣ шомил буданаш асоси худро гум мекунад. Ин асосро онҳое дарк мекунанд, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро медонанд ва аз вазъияти дохилии давлат бохабаранд. Барои ҳамин гузоришҳои департаменти ИМА ягон асосӣ моддӣ надоранд. Хушбахтона дар мамлакати мо барои ҳамаи дину мазҳабҳо шароити баробар муҳайё карда шудааст. Дари масҷиду мадрасаҳо, калисову ибодатгоҳҳои проваславию буддоӣ барои ибодаткунандагон боз аст. Аммо дар давраи пандемия барои ҳимояи саломатии миллат ба муҳлати муайян боздошта шудааст. Беш аз 97%-и мардуми тоҷикро мусалмонони шохаи сунъӣ ташкил медиҳанд. Китобҳои динӣ-расмӣ дар мағозаву макотибҳо озодона фурӯхта мешавад. Ин ҳама аз озодии дин ва эътиқод дарак медиҳад.

Изҳороти Абдуллоев М. – сармуаллими

кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ

You might also like