Нодидагирии Кабирӣ аз сафари Рустами Эмомалӣ
Мухолифини давлату миллат ин дафъа ба сафари расмии Раиси парлумони кишварро ба кишвари Русия аз нигоҳи ғаразонаи худ зери танқид гирифта бошад, ба сомонаҳои гуногуни ҷаҳонӣ навиштааст. Сафари раиси парлумони кишвар имконият дод, ки бо як қатор роҳбарони воломақоми кишвари Русия мулоқотҳои судманд анҷом диҳад.
Нисбати ин вохўриҳо мухолифин боз бўҳтонҳои ғаразноки худро ба кор бурда, мегўянд, ки ин танҳо вохўриҳои протоколӣ аст. Инчунин онҳо гуфтаанд, ои мақомоти Русия ба Тоҷикистон ҳатто назарашонро дигар накарда бошанд. Вале ин хатои маҳз аз тарафи мухолифин мебошад. Русия ба кишвари Тоҷикистон бо диди дигар нигоҳ мекунад, зеро муносибатҳои дипломатии мо бо кишвари Русия дар сатҳи хеле баланд қарор дошта, Тоҷикистонро дўсти наздиктарин меҳисобанд.
Бояд қайд намуд, ки дар Маскав Раиси парлумони кишвари Тоҷикистонро бо як хушнудии зиёд қабул намуданд. Кабирӣ ва ҳамтабақону мухолифинро разиливу бахилӣ фаро гирифтааст, ки танҳо нисбати давлату Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарони воломақоми он, сафарҳои онҳо ба хориҷи кишварро мавриди танқид қарор дода, нибати эшон андешаҳои бардурўғи ғаразона интишор менамоянд, ки ин тўҳмати хушку холӣ мебошад.
Онҳо сафари нахустини Рустами Эмомалиро ба сафарҳои Роҳбари давлат монанд намуда, иброз доштаанд, ки сафарҳои 28 солаи ў сафарҳои хушку холӣ маънидод намудаанд, вале бояд гуфт,ки сафарҳои чандинсолаи Пешвои муаззами миллат имконият дод, ки Тоҷикистон аз нобудшавӣ, миллат аз парокандагӣ ва оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомўш гардад.
Нодидагирии мухолифини лаин то ба кай давом меёфта бошад? Бояд қайд намуд, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории стратегии Тоҷикистону Россия имрӯзҳо дар ҳама самтҳо муттассил рушд ёфта, робитаҳои байнипарлумонӣ мунтазам ба сатҳи сифатан нав мегузаранд. Дар рафти музокирот якчанд масъалаҳои умда, аз ҷумла ҷанбаи иқтисодии ҳамкории дуҷониба, ки яке аз муҳимтарин бахш ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи доимии ҷонибҳоро тақозо менамояд, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар ин самт зарурати нуфузи бештари механизми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак байни ду кишвар дар ҳудуди Тоҷикистон, истифодаи имконоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҷалби технологияи пешрафтаи россиягӣ ба бахшҳои мухталифи саноати мамлакат ҷиҳати коркарди ашё ва содироти минбаъдаи маҳсулоти тайёр зикр гардид ва ин имконият медиҳад, ки заминаҳои бештаре нисбати ҳадафи чоруми кишвар, яъне саноатикунонии босуръат гузорад.
Бояд қайд намуд, ки Раиси парлумони кишвар дар сафари нахўстини хеш ба Русия бо муовини якуми Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Александр Жуков, бо муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия, Ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Алексей Оверчук ва дар ҷаласаи Комиссия оид ба ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Мачлиси Олӣ ва Шӯрои Федератсия бо иштироки роҳбарони ҳарду ҷониб якчанд масоили мубрам баррасӣ гардид.
Он ақидаҳое, ки мухолифин нисбати сафари нахўстини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ иброз намудааст ин ҳама бўҳтони навбатии онҳо аст. Ӯ сиёсатмадори ҷавони ояндадори миллати тоҷик мебошад. Инчунин мухолифин бояд дар хотир дошта бошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо сиёсати ягонаи давлату Ҳукуматро мардуми кишвари азиз эътироф намудааст.
Мирзоев А.Н. – сармуаллими
кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ