Ҳуқуқи инсон-арзиши муҳими ҷомеаи муосир

Ҳамасола 10-уми декабр дар саросари дунё, ҳамчун рӯзи байнанмилалии ҳуқуқи инсон таҷлил карда мешавад. Ба муносибати ин санаи таърихӣ дар кафедраҳои факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинии илмию тарбиявӣ ва мизи мудаввар доир гардиданд.

Зимни баргузории чорабиниҳо иброз гардид, ки Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир яке аз сарчашмаҳои таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва пайдоиши конститутсияҳо мебошад. Он соли 539-уми пеш аз мелод аз ҷониби асосгузори давлати Ҳахоманишиён—шоҳ Куруш қабул гардидааст.

Дар идома, устодону донишҷӯён зимни мизи мудаввар ва чорабиниҳои тарбиявӣ ба ифтихори Рӯзи байнанмилалии ҳуқуқи инсон перомуни нақши эъломияи ҳуқуқи башар ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар ҳимояи ҳуқуқи инсон, Эъломияи ҳуқуқи башар ва  таърихи пайдоиши он, проблемаҳои  амалишавии ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хифзи ҳуқуқу озодиҳои  инсон ва шаҳрванд дар арсаи байналмилалӣ маърӯзаҳо ироа намуданд. Мақсад аз таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон — ин ба ҷомеа ва ҳар як фард расонидани аҳамияти эҳтиром ва риояи ҳуқуқи инсон, нақши ҳуқуқи инсон дар таҳкиму рушди ҷомеа ва ҳаёти ҳар як фард мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 10-уми декабри соли 1948 дар Созмони Миллали Муттаҳид бузургтарин ҳуҷҷати мутааллиқ ба ҳамаи миллатҳо – Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар қабул гардид. Бояд зикр кард, ки санади муҳими ҳуқуқӣ аз 30 модда иборат буда, дар он ҳуқуқҳое сабт шудаанд, ки зиндагию фаъолияти шоиста ва шарафмандонаи ҳар як инсонро дар бар мегиранд. Дар он ҳамчун раҳнамои ҳуқуқи башар ҳамаи ҳуқуқҳои инсонӣ, аз қабили ҳуқуқ ба ҳаёт, моликият, таҳсил, мерос, интихоби манзил, афкору эътиқод ва ҳифзи сиҳатӣ, иштирок дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва ба ин монанд дарҷ гардидааст. Тибқи моддаи 10 – уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин санади муҳими байналмиллалӣ ҷузъи таркибии қонунгузории кишвари мо- Тоҷикистон ба шумор меравад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like