Кабирӣ даъвои ватанхоҳӣ дорад

Ташкилоти экстремистиву террористии Ҳизби наҳзати исломӣ аз зумраи ҳизбу ҳаракатҳои ифротие, ки доимо мардумро ба ошӯбу балво далолат мекунад. Чанде қабл дар маркази Аврупо ташкили як роҳпаймоии хоинонаи тарафдорон ва ҷонибдорони ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ исботи гуфтаҳо. Имрӯзҳо наҳзатиён маблағҳои заруриро аз хоҷагони худ гирифта натавониста истодаанд. Хоҷагони хориҷӣ дигар ба эътимоди чубинӣ Кабириву наҳзатиён бовар намекунад ва ҳамгуна муносибати худро бо ин гуруҳи паймоншикан кандааст. Аз ин рӯ ин турфа “ҷуяндагони хоҷаи нав” дар кишварҳои Аврупоӣ худро реклама намуда истодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат қайд намуданд, ки дар шароити ташаннуҷи рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, торафт вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ва авҷи ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим ба шумор меравад.

Вазъи имрўзаи минтақа ва ҷаҳон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, амнияти миллӣ ва сохторҳои низомиро водор месозад, ки фаъолияти  худро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои иҷрои вазифаҳое, ки имрўз дар назди онҳо қарор доранд, ҳамеша омода бошанд.

Вале хоинони миллати тоҷик ва хоҷагони хориҷии онҳо фаромўш кардаанд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол дигар намегузоранд, ки касе зиндагии орому осудаи онро мисли солҳои навадуми асри гузашта бо фитнаангезиву дасисабозӣ  халалдор намояд ва халқи ободгари моро аз маҷрои созандагиву  бунёдкорӣ берун созад. Аз ин рӯ ба кулли майдоншинону паймоншиканон ва пикетчиёни наҳзатӣ гуфтанием, ки роҳи Шумо роҳи тираву зулмот аст. Роҳи давлати мо бошад, роҳи нуру зиё ва ояндаи дурахшоне аст, ки ба ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ тамоми имкониятҳоро фароҳам овардааст.

Баҳоваддинов Ҷ.Ҳ. – сармуаллими кафедраи

системаҳои ахборотӣ – ҳисоббарори ДДҲБСТ

You might also like