Густариши робитаҳои байналмилалии донишгоҳ бо Маркази Конфутсий

Тайи солҳои охир ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо Маркази Конфутсий густариш меёбад. Бо иқдомҳои наҷибу созанди Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода тамоми шароитҳо барои омўзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан, забони хитоӣ фароҳам оварда шудааст. Донишҷўён низ дар навбати худ барои омўзиши забони хитоӣ шавқу рағбати зиёд доранд.

Далели ин гуфтаҳост, ки чанде пеш дар Маркази Конфутсияи назди Донишгоҳи кўҳӣ-металлургии Тоҷикистон имтиҳони байналхалқии забони хитоӣ баргузор гардид, ки дар он 28 нафар донишҷўёни курсҳои 2 ва 3 фаъолона иштирок намуданд.

Бояд қайд кард, ки Маркази Конфутсия низ дар навбати худ барои боз ҳам амиқ омўхтани забон ва фарҳанги Чин тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст.

Дирўз Директори Маркази Конфутсия Жен Гентян ва устоди марказ Менг Сианг Кай ба донишгоҳ ташриф оварда, барои кушодани синфхонаи забони хитоӣ дар факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ лавозимот тақдим намуд. Дар маросими тақдимоти лавозимот муовини ректор оид ба таълим, дотсент Ҳаким Ғаюров ва муовини ректор оид ба муносибатҳои байналмилалӣ, профессор Даврон Бобоҷонов иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳаким Ғаюров иброз кард, ки ҳамкориҳои мо дар самти илмию техникӣ ва омўзиши забон ва фарҳанги хитоӣ густариш меёбад ва натиҷаҳои дилхоҳ меорад.

Дар навбати худ Директори Маркази Конфутсия Жен Гентян низ афзуд, ки Маркази Конфутсия барои дастгирии моддию техникӣ ва илмии донишгоҳ баҳри омўзиши забон ва фарҳанги хитоӣ ҳамеша омода аст.

Умед аст, ки баъди кушода шудани синфхонаи забони хитоӣ донишҷўён имконияти ҳамарўза бо забон ва фарҳанги чинӣ ошно шуданро пайдо менамоянд. Чунин иқдом барои  такмили донишу малакаи донишҷўён, ки онҳо ҳамчун мутахассисони ояндаи ду давлат ба ҳисоб мераванд, мусоидат менамояд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like