Хиёнати беҳисоби Ислоҳ.нету Муҳаммадиқболи Садриддин

Аз рўзҳои аввали ба сари қудрат омадан, яъне аз Иҷлосияи наҷотбахши миллат то ба имрўз Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодаанд, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳи комил ба даст оварда шавад ва он пойбарҷо нигоҳ дошта шавад.

Ҳанӯз дар кори Иҷлосияи тақдирсоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ягонаи наҷоти миллатро дар сулҳу ваҳдат дида бо ин маънӣ чунин изҳор менамоянд: «Як нуктаро бояд тазаккур намоям: то он даме, ки мо дар хонаи худ сулҳу амниятро барқарор насозем, силоҳ ба замин нагузорем, ба ҷои яроқ олоти меҳнат ба даст нагирем ва аз тақрибкорӣ ба бунёдкорӣ нагузарем ҳеҷ гуна кўмаки ҳамсоягон вазъи моро беҳ сохта наметавонад».

Сарвари кишвар бо иродаи сулҳҷўёна ба гурўҳҳои силоҳбадаст муроҷиат менамояд: «Биёед, кинаю адоватро ба як сў гузорем, ба гузашта салавот гуфта ҳамдигарро бародарвор ба оғўш бикашем ва силоҳ ба замин гузошта ба меҳнати бунёдкорона машғул бишавем. Танҳо дар якҷоягию муттаҳидӣ метавонем Тоҷикистони азизи худро аз вартаи нобудӣ раҳо намуда, ба давлати соҳибистиқлоли ғанию мутараққӣ табдил бидиҳем.

Хиёнатҳои мухолифини давлат ва ҳукумати Тоҷикистон беҳисоб аст, аввалан баъди кори Иҷлосияи 16 Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳнаи Қасри Арбоб оши оштӣ ташкил карда шуд ва ду тарафи ба ҳам муқобил сари як дастархон нишаста оши оштиро тановул карда баъди муддати кӯтоҳе ба нони хўрдаи худ туф карда боз ҷангро идома доданд.

Баъди гуфтушунидҳои тўлонӣ ва ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ҷиҳати дар амал татбиқ шудани бандҳои алоҳидаи ин Созишнома Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30% мансабҳои Ҳукуматро ба аъзоёни мухолифин доданд. Ин мансабдорони нохалаф тули солҳои дар мансаб будани худ баҳри миллати тоҷик чи корҳоро ба анҷом расонида бошанд, ба ғайр аз хиёнат чизи дигаре ба сомон нарасондаанд. Маҳз роҳбарияти кунунии мухолифини овора баъди ҳам оши оштии иҷлосия ва ҳам квотаи давлатӣ хиёнату дасисакориро афзуданд.

Дар сари мансаб нишаста ин хоинон танҳо роҳи табаддулоти давлатиро фикр мекарданд. Исботи ин гуфтаҳо рафтори хоин ва хиёнаткори миллат генерал Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар чунин мансаб ва рутбаи давлатӣ нишаста чунин амалро содир намуданд, хиёнати бузург ва набахшиданӣ мебошад.

Пас ба як хулоса омадан мумкин аст, ки хиёнаткорони наҳзатӣ дар ҳамаҷо ҳамун рафтору гуфтор ва амалҳои разилонаи худро идома медиҳанд. Хоҳ дар Макка бошанд ва зоҳ дар Порижу Лондон.

Қобилов Б.Қ. – н.и.ҳ., сармуаллими кафедраи

ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика

ва пешгирии коррупсияи ДДҲБСТ

You might also like