Филми “Хиёнат”-ро бояд тамошо кард, то …

Баъди тамошои дастаҷамъонаи филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” парда аз руи фаъолияти ТЭТ ҲНИ бори дигар бардошта шуд. Филме, ки бо далелу фактҳои раднопазир аз фаъолияту таърихи сиёҳи наҳзати хоин сухан мекунад. Шоҳидону ҷабрдидагони наҳзатӣ бо забони худ аз рӯзҳои мудҳиш ёдовар мешаванд, ки хеле саҳнаҳои ҳузнангез аст.

Дар филми “Хиёнат” овада шуд, ки қатли шахсиятҳои маъруфи кишварамон маҳз бо дасти гурӯҳҳои хиёнаткор ва пуштибонии ТЭТ ҲНИ анҷом дода шудааст. Ҳайф аст, ки инсонҳои поктинату ватандӯст бо дасти ин нохалафон ба марги маҷбурӣ расидаанд!

ТЭТ ҲНИ тарғибгари дигар мазҳабу сиёсати бегона буда, ба миллату Ватани худ разилона хиёнати нобахшиданӣ намудааст! Таҳдидҳои ногувори ин равандҳо то ҳол давомнок буда, боиси таҳлука ва ташвиши мардум гардида, сабаби марги чандин нафар ҷавонону кӯдакон шудааст. Ин гуна одамон аз хурдӣ ба чунин рафторҳои ғайриинсонӣ одат намуда, ки ин аз муҳити оила сарчашмаи ҷиддӣ дорад. Мегӯянд, ки як намакхӯрда чиҳил сол андеша кардааст. Аммо намакхӯрдагони давлати мо чӣ кор карданд! Ба ҷои нафъи хешро расонидан, баръакс, ифротгароиву кинаҷӯӣ ва домгузориву одамрабоӣ намуданд, яъне намак хӯрда намакдони давлатро шикастастаанд!

Дар кадом гӯшаву канори меҳан, ки зиндагӣ мекунем он ҷо Ватани мову шумост! Хокаш муқаддас аст! Ҳатто ҳавояш қиммат аст! Лекин на ҳар кас ин ҳиссиёту эҳсосотро дарк карда метавонад!

Сари ин масъала дар ҳар васоити ахбори омма  мақолаҳои ҷолибу таъсирнок чоп мешавад, ки ба гӯши дили ҷавонону хонандагон расида, таъкид менамояд, ки алайҳи терроризм мубориза ҳамаҷиҳата бурда, ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Имрӯзҳо кам нестанд нотавонбинону кӯрнамакон, ки аз дасташон ба ҷуз вайронкорӣ ва тӯҳматгароӣ чизи дигаре намеояд, ба истеъдоду илҳоми дигарон садди роҳ мешаванд.

Аз мушоҳидаҳои хеш перомуни ин равандҳои тундгарои ҷомеа, ки имрӯз сар то сари сайёра чун морони заҳрдор номаълум бо амалҳои манфию гӯшношунид теша ба решаи миллат мезананд, алҳазар! Аз ин гуна афроди беномус, нокас кӯрнамаку хиёнаткор Худо безор! Ман нотарсона алайҳи мубориза барои чунин бешарафон мегӯям, ки нокасонро тарбият кардан хатост!

Қурбонов Ҳ.Ш. – ассистенти

кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ

You might also like