Табрикоти ректор,
профессор Шарифзода М.М. ба муносибати таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Устодони муҳтарам! Донишҷӯёни азиз!
Мардуми шарифи Тоҷикистон дар мисоли рӯзгори пуртаззоди худ шахсияти наҷотбахш ва тавоное дарёфт, ки ба шарофати хидматҳои таърихӣ роҳи наҷотро ба даст овард. Ин фарди наҷотбахш фарзанди барӯманди халқи тоҷик Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва бо ифтихор иқрор мешавем, ки бо шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсӣ хушбахтӣ ва саодатмандии халқи тоҷикро таъмин карданд.
Хизмати барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи Тоҷикистон он аст, ки ин шахси нодир ва сиёсатмадори дурандеш дар шароити даҳшатбор давлатдории тоҷикон ва бақои миллатро аз парешонӣ ва фано шудан ҳифз карда тавонистанд. Ин қаҳрамони асили халқи тоҷик бо мардонагӣ ва шуҷоати фавқулодда бар дӯши худ масъулияти вазнини хотима додан ба ҷанги бародаркушӣ, бунёди появу асосҳои конститутсионӣ ва эҳёи давлатдориро гирифтанд.
Дар таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаеро бо камоли қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар ташаккул ва рушди андешаи миллӣ, ҷумлаи падидаҳои созанда дар Ватани азизамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳомбахшу раҳнамо мебошанд ва поягузори андешаи миллии тоҷикон дар даврони таърихи навини халқамон эътироф гардидаанд.
Имрӯз аз хизматҳои барҷастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гашта, изҳор медорам, ки пешвои воқеии кишвар – сардори имрӯзаи давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хишти нахустини низоми давлатдорӣ ва заминаи боэътимоди сулҳи минбаъдаро гузоштанд.
Имрӯз тамоми мардуми кишвар бо роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ҳифзи якпорчагии Ватан қадамҳои устувор ниҳода, соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ба дастовардҳои нав ба нав комёб мегарданд. Бахусус, туфайли ташрифҳои ҳуҷастаи Сарвари давлатамон ба донишгоҳ (солҳои 2008, 2011) боргоҳи маърифатамон ба марҳилаи тозаи рушд ворид гардид. Ин таваҷҷӯҳи шоистаи Сарвари давлат нисбати соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, илҳомбахши кору пайкори ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ гардид. Бо саҳмгузорӣ дар тарбияи насли шоиста, анҷом додани тадқиқоти пурарзиши илмӣ, азхудкунии техника ва технологияи муосир имрӯз маъвои саодати маънавиямон ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ворид гардид, ки аз сиёсати маорифпарварони Сарвари давлатамон сарчашма мегирад.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз халқи саодатманди тоҷик таҳти ливои нобиғае қадамҳои устувор мениҳанд, ки номи он кас, кору пайкорашон дар таърих ҳамчун рамзи сулҳу амонӣ, рамзи адолату ҳақиқат, рамзи ватанпарастӣ ва рамзи созандагию бунёдкорӣ навишта хоҳад шуд.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳар кадоми Шуморо ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии муборакбод намуда, бароятон тансиҳатӣ, осудагии рӯзгор ва дар фаъолияти минбаъдаатон комёбиҳои беназир таманно дорам.