ДДҲБСТ: Баргузории чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ

Парчами миллӣ ифодагари  иқболу  истиқлол  иттиҳоду  сарҷамъи,  нангу номус,  ватандустиву ватанпарастӣ  ва хуввияти миллии мардуми  куханбунёду фархангии мо буда, волотарин максаду  мароми точиконро,  дар ҷилои  рангхои худ  инъикос намудааст.

Ҳамасола ба муносибати рӯзи Парчами миллӣ, ки санаи 24 ноябр таҷлил карда мешавад дар раёсату факултет ва кафедраҳои Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  ба ифтихори  рузи Парчами миллӣ чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва илмӣ баргузор карда мешавад.

Ба истиқболи ин санаи муҳиму муқаддас дар кафедраву факултетҳои донишгоҳ як зумра чорабиниҳо доир шуданд.

Зимни баргузории чорабиниҳо устодону ҷавонони фаъоли донишгоҳ  дар мавзӯҳои “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон”, “Таърихи пайдоиши парчам”, “Қабули парчами давлатӣ  ва мақоми ҳуқуқии он”, “Аҳамияти рамзҳои давлатӣ дар боло бардоштани ҳисси ватандӯсти ва худоогоҳии миллии  ҷавонон” , “Парчами миллӣ-рамзи ҳаёти осоишта” маърӯза  карданд.

Баромадкунандагон изҳор намуданд, ки Истиклолияти давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукӯҳи тамоми санаҳои таърихи миллиамон, аз ҷумла гиромидошти  Парчам ва дигар рамзҳову муқаддасоти Ватанамон шароити мусоидро фарохам овард.

Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамкадами сохибистиклолии Ватанамон  буда, дар баробари Конститутсия,  Нишон, Суруди миллӣ ва Асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти, ки дар ичлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии  Чумхурии Тоҷикистон кабул гардида буд.

Дар воқеъ маҳз  парчам аст, ки нуфузу мавқеъ ва шуҳрати Тоҷикистонро дар арсаи байналмиллали муайян намуда, муаррифгари давлату миллат мебошад.

Зимни таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ инчунин донишҷӯён дар мавриди ин санаи муқаддасу гиромӣ шеъру гуфтор ва сурудҳои ватандӯстона қироат намуданд.

Баргузории чорабиниҳои мухталиф ба истиқболи Рӯзи Парчами миллӣ дар ДДҲБСТ идома дорад.

                                                                          Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like