Дастури шарҳи мафҳумҳои илмӣ

Донишҷӯи соли чоруми факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ Ҳайдарзода Муҳаммад  Ҳайдар дар ҳаммуаллифии мудири кафедраи ҳуқуқи конститутсионии донишгоҳ Анварбек Бобоев оид ба шарҳи мухтасари мафҳумҳои ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур таҳия намуд.

Шарҳи мухтасари мафҳумҳои ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин кӯшиши дар сатҳи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ маънидод намудани ислоҳоти ҳуқуқи соҳавӣ мебошад. Дар дастур ба мазмуни зиёда 900  истилоҳи ҳуқуқи конститутсионӣ равшанӣ андохта шудааст.

Дастур ба муҳаққиқон, аспирантон, унвонҷўён, магистрантон, донишҷӯён ва доираи васеи шахсоне, ки нисбат ба ҳуқуқи конститутсионӣ ва масоили вобаста ба он шавқ доранд, тавсия карда мешавад.

Мақсади асосии омода кардани чунин дастури таълимию методӣ аз фанни ҳуқуқи конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳарчӣ бештар имконият пайдо намудани донишҷӯ дар вақти ба дарсҳои амалӣ тайёрӣ дидан, супоридани имтиҳони фосилавӣ ва ниҳоӣ, навиштани корҳои курсӣ ва рисолаҳои хатм мебошад.

Боиси қайд аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, рушду такомули забони давлатӣ боиси ба вуҷуд омадани истилоҳоти нави илмӣ гардид. Дар ин раванд таҳияи луғатномаҳои соҳавӣ барои гирифтани донишҳои тахассусӣ кӯмаки амалӣ мерасонад. Дастури таҳиягардидаро низ маҷмӯи истилоҳоти бахши ҳуқуқи конститутсионӣ меномем, ки тафсири вожаву истилоҳоти ин бахшро фарогир аст.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like