Ватанхоҳӣ ба кирдор аст

Замони муосир аз пайвандони инсоният талаб менамояд, ки ҳар лаҳза ҳушёриву бедорӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Шахсиятҳои зиёде вомехӯранд, ки бо ҳар баҳона аз шахсони алоҳида тамаъҷӯйи кунанд. Вақте, ки мо бо мақолаи Муҳаммадиқболи Садриддин шинос мешавем на аз он маълумотҳои муфиде, ки барои ояндаи мо хизмат мекарда бошад, балки маълумотҳои ифротӣ ва бардурӯғ рӯ ба рӯ мешавем. Аз ҳама камбудии зиёде, ки аз ҷониби ин афротҳо ба вуҷуд оварда мешавад истифода намудан аз номи дини мубини ислом ва демократия аст.

Аз таърих ба мо маълум аст, ки мардуми тоҷик бо намояндагони машҳури илму санъату адабиёт машҳури ҷаҳониён гардидаанд. Дар самти илмҳои динӣ низ бо маҳорат ва донистани илми фиқҳ маъруфанд. Аммо дар замони ҳозира баъзе нафарҳо ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин, ки бо дурӯғу бофтаҳои худ мардумонро фиреб дода, маблағҳои ғайриқонуниро аз худ намудааст.

Шахсе, ки аз мазҳаб ва дини худ манбаи даромад меҷӯяд ба ҷазои бадтарин гирифтор гардад. Дин дар роҳи худ ҳалол, покиза ва беғараз аст. Ин кирдори қаллобонаи Муҳаммадиқболи Садриддин бояд муофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дода шавад. Баъди ба вуҷуд овардани кирдор бояд онро тан гирифт, ки каме бошад ҳам ҷавонмардиро нишон диҳад.

Бояд қайд намуд, ки роҳбарон ва пайравони ин гурӯҳи ифротӣ ҳамеша дар навиштаҳои худ худро ҳамчун шахсони ватандӯсту ғамхор нисбати шаҳрвандонаш ҷилва медиҳанд. Вале дар асл бошад рафтори онҳо байти машҳури Лоҳутиро ба ёди кас меорад, ки гуфта буд:

Ҳама доди ватанхоҳӣ зананд аммо намедонам,

Ватанхоҳӣ ба гуфтор аст ё кирдор ё ҳарду.

Аммо на гуфтор ва на кирдори онҳо ба шахси ватандӯсту ватанхоҳ монанд нест. Бояд ёдовар шуд, ки хонандагони закӣ аз ҳадафҳои нопоки ин гуруҳи ифротӣ хуб огаҳ ҳастанд. Зери бори даъватҳои ин гурӯҳҳои худфурухта нахоҳанд рафт ва бо шукргузори аз файзи истиқлол дар атрофи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ гардида, аз як гиребон сар бароварда, ватани азизи худро ба як гӯшаи биҳиштосои ҷаҳон табдил хоҳанд дод.

Қаҳҳоров У.А. – ассистенти кафедраи

таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ

You might also like