Нақши Пешвои миллат дар рушди забонҳои хориҷӣ

«Нақши Пешвои миллат дар рушди забонҳои хориҷӣ» таҳти ин унвон бо ибтикори кафедраи забонҳои хориҷии донишгоҳ конференсияи илмию назариявӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори конференсия роҳбарияти факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ва устодону донишҷўён иштирок намуданд.

Зимни суханронии худ декани факултет Акмалова М.А. перомуни ҳаёту фаъолият ва заҳматҳои Пешвои миллат дар раванди бунёдкориву созандагӣ маърӯза намуд.

Донишҷӯён ва устодон низ дар мавзӯҳои «Нақш ва аҳамияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар давраи Истиқлолият», «Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат ва имиҷи нави Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ», «Нақши Пешвои миллат дар рушди муносибатҳои Тоҷикистону Чин»  маърўзаҳои ироа карданд.

Ҳамчунин дар ин рӯз озмуни «Иншои беҳтарин», ки дар он донишҷўёни ҳамаи ихтисосҳо факултет фаъолона иштирок намуданд, ҷамъбаст ва ғолибон бо «Диплом» ва тўҳфаҳои хотиравии садорати факултет қадрдонӣ карда шуданд. 

Конфронси мазкур бахшида ба Рӯзи Президент бо шеъру сурудхонии донишҷӯён ба охир расид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

 

You might also like