ДДҲБСТ: Баргузории конференсияи илмӣ ва маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Президент

«Президенти мо—ифтихори мо» таҳти ин унвон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ ва маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинӣ раёсат, ҳайъати профессорону устодон ва донишҷӯён, инчунин як қатор меҳмонон-намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Мирзоғуфрон Ғафуров, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фируза Нуруллозода, сардори раёсати ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода иштирок ва баромад карданд.
Боиси ифтихор аст, ки Пешвои муаззами миллат ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ бо мавқеи устувор ва матонати беназир, посдории таърих ва тамаддуну фарҳанги куҳанбунёди дирӯзу имрӯзи миллатамон на танҳо халқи тоҷикро ба оромию осоиштагӣ расониданд, балки дар суботи тамоми минтақа низ саҳми бузург гузоштанд, гуфт ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода зимни суханронӣ дар чорабинии тантанавӣ.
Ҳамчунин илова шуд, ки бо баргузории рӯзи оғози Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавъам омадани ин санаи фархунда рамзист, зеро дар ҳамин иҷлосияи таърихӣ Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарории сохти конститутсионӣ, ба даст омадани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар маҷмуъ барои рушди сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва таърихию фарҳангии Тоҷикистон хизматҳои бузург анҷом доданд.
Дар идома, меҳмонон ва устодони донишгоҳ баромад карда, перомуни ҳаёту фаъолият ва заҳматҳои Пешвои миллат дар раванди бунёдкориву созандагӣ ва аз давлати ҷангзада ба кишвари воҳиду тараққиёфта табдил додани Тоҷикистон маърӯза карданд.
Қайд шуд, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат кишвари азизамон Тоҷикистон мавқеи хешро дар сиёсати байналмилалӣ ва ҳалли мушкилоти сайёра мустаҳкам сохта, доираи ҳамкориҳоро бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон фарохтар намуд ва бо назардошти манофеи миллӣ тавозуни муносибатҳо ва манфиатҳояшро таъмин кард.
Дар қисмати баъдии маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандону устодони донишгоҳ бо кӯмакпулиҳо як зумра донишҷӯён, ки дар озмуну олимпиада ва мусобиқаҳо иштироки фаъол намуда, соҳиби мақоми ифтихорӣ шудаанд бо Ифтихорномаву туҳфаҳои раёсати донишгоҳ қадршиносӣ гардиданд. Ҳамчунин, чанде аз кормандон ва устодони донишгоҳ бо Сипосномаҳои раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят қадршиносӣ шуданд.
Конференсияи илмӣ ва чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президент бо шеъру сурудхонии дастаи созиву овозии “Ошёни меҳр”-и назди раёсати ДДҲБСТ ба интиҳо расид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like